• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конфренсияи илмӣ-амалии забоншиносон

z 88.jpg - 82.00 KbИмрӯз 7 - уми майи соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо иштироки олимону профессорон ва омӯзгорони ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» бахшида ба амалигардонии «Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ» барои солҳои 2015-2020» баргузор гардид.

 

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир кушода эълон намуд. Сипас муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ, н.и.п., дотсент Байдуллоев Аъзамҷон дар мавзӯи «Зарурати омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ» дар донишгоҳ баромад намуд. Ҳамзамон декани факултети забони англисӣ н.и.фил., дотсент Баротзода Файзиддин дар мавзӯи «Робитаҳои факултети забони англисӣ бо кишварҳои соҳибзабон дар давраи истиқлолият» баромад намуд, ки он хеле муҳим ва ба маврид арзёбӣ гардид. Дар конференсияи мазкур ҳамзамон д.и.фил., профессор Парвона Ҷамшедов ва д.и.п., профессор Самариддин Авғонов иштирок намуданд ва дар мавзӯҳои зерин «Фаъолиятӣ илмӣ – эҷодӣ ва таҷрибаи омӯзгорӣ дар факултети забони англисӣ» ва «Ҳадафҳои асосии таълими компютерӣ дар таълимӣ забонҳои хориҷӣ» суханронӣ намуда, паҳлуҳои муҳимтарини илми забоншиносиро барасӣ намуданд. Ҳамзамон дар конференсия муовини директори институти «Конфутсия» дар назди Донишгоҳи милли Тоҷикистон Ҷанг Лей, ки дар як вақт муаллимаи кафедраи забонҳои Шарқ мебошад бо забони тоҷикӣ баромад намуд. Муаллимаи забони кореягӣ Ким Ёнг Вон низ дар мавзӯи «Робитаҳои адабии Тоҷикистон ва Куриё суханронӣ намуд. Дар конференсия ба самтҳои зерин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд: масъалаҳои мубрами филология ва забоншиносии муосир; забон ва муоширати байнифарҳангӣ; масъалаҳои тарҷума, тарҷумашиносӣ ва таҳлили лингвистии матн; амалигардонии муносибати салоҳиятнокӣ дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ; истифодаи методҳо ва технологияи инноватсионӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ; усулу роҳҳои беҳтар намудани омодагии тахассусӣ ва касбии донишҷӯён ва магистрҳо ба шароити низоми кредитии таҳсилот; роҳҳои такмили сифати таълими забонҳои хориҷӣ ва таҳияи  китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-амалӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир ба ҳамаи иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуд ва ҳамзамон қайд кард, ки ташкил ва баргузории чунин конфронсҳо зиёдтар гарданд.

Кафедраи  забонҳои шарқи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

z 84.jpg - 81.33 Kb z 85.jpg - 86.19 Kb z 86.jpg - 61.67 Kb

z 87.jpg - 71.00 Kb z 89.jpg - 86.36 Kb z 90.jpg - 65.49 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj