• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Кафедраи фалсафаи фарҳанг

Кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 1- уми ноябри соли  2018 дар заминаи фанҳои таълимии хуссусияти фалсафӣ дошта, ба сарбории  кафедраи фалсафа тааллуқ дошт, тасис ёфтааст.

Дар кафедраи фалсафаи фарҳанг фанҳои этикаи касбӣ, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва таърихи маданияти ҷаҳон  таълим дода мешаванд.

Теъдоди  колективы кафедраро 15 нафар устодон  ва кормандон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 2 нафар номзади илм, 3 нафар муаллими калон ва 10 нафар ассистентон мебошанд.

Кафедра аз оғози фаъолияти хеш ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён дар самтҳои  асосӣ, ташкили маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Фарҳангшинос”, таҳияи маҷмӯаи таълимӣ-методии фанҳои тадрисшаванда, барномаву силлабусҳо, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва дигар самти инкишофи таълим, тарбия ва илм шуруъ кардаст.

Қобили зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бо қалами устоди кафедра номзади илмҳои фарҳангшиносӣ Шомуродов  Баҳодир дар ҳамуаллифи бо номзади илмҳои фалсафа Бердиев Шоҳназар китоби дарсии “Этика” нашр гардид.  Китоби “таърихи динҳо” бо ҳаммуаллифии  профессор Назариев Р. дотсентон Шомуродов Б. ва Зикирзода Ҳ. омодаи чоп мебошанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 ду нафар устодони кафедра Саидова Гулхумор ва Файзуллоев Ғайратулло рисолаи номзади худро зери роҳбарии профессорон Назариев Рамазон ва Самиев Бобоҷон ҳимоя намуданд.

Феълан вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои фалсафа Зикирзода Ҳобил ба ӯҳда дорад.

 

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj