• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Таҷлил аз иди музаффар

z 93.jpg - 63.94 KbДар санаи 8-уми майи соли равон дар факултети забонҳои  романӣ-германӣ бо ташабуси кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ бахшида ба иди музаффар, “Рӯзи  Ғалаба” чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Кулобиев А, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Сайфуллоева З, муовини декан Одинаев А, омӯзгорони кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Холматова Л, Сулаймонова Е, Наҷмуддинова Ф, Гулмирзоева Т, Умарова М, Акбарова Р. ва инчунин донишҷӯёни факултаҳои англисӣ ва романӣ-германӣ иштирок намуданд. Сараввал мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Кулобиев А. баромад намуда, тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд. Зимни суханронӣ мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Кулобиев А. қайд намуданд, ки истиқболи ин ҷашни фархунда барои ҳар як нафар хос мебошад. Зеро дар он айёме, ки ҷанг дар сарзаминҳои собиқ ИҶШС оғоз гардид, мардуми ҷасуру далери тоҷик ба хотири ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ бо эҳсоси баландӣ ватандӯстӣ бар зидди душманони фашизм раҳсипор шуданд. Чандин тан аз фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок гаштанд. Вале ёди онҳо ҳеҷ гоҳе аз хотири мо намеравад. Онҳо ҳамеша ҷовидон ҳастанд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба аҳли толор шеъру қиссаҳои воқеӣ гуфтанд. Маърузае, ки аз тарафи донишҷӯи факултети забонҳои романӣ-германӣ Ғарибмамадова Г. қироат карда шуд диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Дар  баробари ин порчаҳо аз филмҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Абдулхайр Абдураҳмонов, хабарнигори ҷамоатӣ

z 91.jpg - 83.75 Kb z 92.jpg - 86.22 Kb z 94.jpg - 59.76 Kb

z 95.jpg - 85.99 Kb z 96.jpg - 77.74 Kb z 97.jpg - 88.98 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj