• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аксияи ҳозирҷавобӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ

z 98.jpg - 50.42 KbТибқи Нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон пайваста ба ифтихори ҷашну идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби дастаи волонтёрон дар Донишгоҳ аксияҳои ҳозирҷавобӣ бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён гузаронида мешавад. Аксияҳои мазкур аз бахшҳои таманиёт ва ҳозирҷавобӣ иборат буда, устодону донишҷӯёни дар он иштироккунанда бояд ба саволҳои пешниҳодградида ҷавобҳои дуруст диҳанд. Дар сурати ҷавоби дуруст додани иштирокчиён онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Чунин аксия санаи 08.05.2019 аз соати 08:00 то соати 11:00 ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида шуд, ки дар он ректори Донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода., муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов Акобир Каримович., Сармуҳосиби Донишгоҳ Боқилов Бахтиёр., сардори Раёсати илм ва инноватсия Ҳакимов Раҷаб., декани факултети таърих Муродзода А., сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Назаров Д., сардори Раёсати таълим Шарипов Н., устодони факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Раҳимов Х., Бегимов Ҳ., устоди факултети биология Бобораҷабов Б., корманди шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати Муборакиён С., корманди шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Холиқов А., корманди қисми хоҷагӣ Набиев А. ва дигар устодону донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои дуруст дода, соҳиби туҳфаи хотиравии китоби «Ҷавонон ва рисолати онҳо» гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин ҳозирҷавобӣ ба ифтихори ҷашну идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ин санҷидани сатҳи дониши касе набуда, балки эҳтиром гузоштан ба чунин санаҳои таърихӣ ва ифтихору арҷгузорӣ ба шахсиятҳое мебошад, ки дар ҳаёт рисолати инсонии худро ба таври шоиста ба ҷо оварда, барои мо шароити зиндагии арзандаро боқӣ гузоштаанд. Ба ин хотир, моро месазад, ки доир ба чунин санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои зиндагисоз маълумоти муфассал ва дақиқ дошта бошем.

Шуъбаи кор бо ҷавонони

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj