• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРИ КӮДАКОНИ БЕСАРПАНОҲИ

ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ ҶАНГЗАДА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат наҷотбахши миллат аст. Зеро замоне ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва фурӯпоширо ба уҳда гирифт, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро, ки дар рафти ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта гуреза шуданд, ба ватан баргардонд. Ҳамин тавр, таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим бунёд ёфтанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ  роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Аммо чанд сол пеш бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи дасисаҳои бегонагон шуда, ба гумроҳӣ даст зада, ба сафи гуруҳҳои экстримистию террористӣ, аз қабили ДИИШ пайваста, бо худ зану кӯдаконашонро ба сарзамини Ироқу Сурия бурданд. Дар натиҷа садҳо кӯдакони тоҷик дар ғурбат бе сарпаноҳ монданд.

Сарвари давлат масъалаи мазкурро пайваста дар сухану баромадҳояш таъкид мекарданд, ки дар фурсати муносиб кӯдакони бегуноҳи тоҷикро ба Ватан баргардондан даркор аст. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд”. Ин иқдом боис шуд ва бо супориши Пешвои миллат муайян карда шуд, ки дар як худи маҳбасхонаҳои кишвари Ироқ 95 нафар зан ва 95 кӯдаки тоҷик қарор доранд, ки байнашон тифлоне низ ҳастанд, ки дар ин кишвари низоъзада таваллуд шудаанд.

Инак бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо волидайни гумроҳшудаи ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ пайваст шуда, вориди сарзамини Ироқ шудаанд, 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз ин кишвар ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки сарвари умумимиллӣ дар навбати худ саробони миллат аст. Ва имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он кӯдакони тоҷик, ки дар натиҷаи гумроҳшавии волидайнашон берун аз хоки Ватан дар сарзамини Ироқу Сурия қарор доранд, марҳила ба марҳила пурра ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд.

 

Давлатшо Негматов, Фарҳод Мирзоев,

Толибшоҳ Наҷмуддинов – омӯзгорони кафедраи

таърихи умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj