• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар

Рӯзи 8-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии хатмкунандагони бархе аз факултетҳои донишгоҳ бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ А. Байдуллоев бо намояндаи шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода», Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинов Манучеҳр баргузор гардид.

Ҷорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Байдуллоев оғоз намуда, меҳмон ва донишҷӯёнро ба ин вохӯрии судманд  хайрамақдам гуфта,  мақсади вохӯриро муфассал баён намуд. Баъдан сухан ба намояндаи ташкилоти номбурда М. Камолиддинов дода шуд. Мавсуф  ҳангоми суханронии хеш  оиди фаъолияти ин ташкилот маълумоти муфассал дод.  Бояд қайд кард, ки маротибаи нахуст аст, ки хатмкунандагони донишгоҳ бо намояндаи ин ташкилоти бонуфуз  оиди имкониятҳои он  суҳбат меороянд ва аз онҳо маълумоти  кофӣ пайдо мекунанд.

Баъдан ҳангоми саволу ҷавоб хатмкунандагони донишгоҳ оиди масъалаҳои мухталифи интихоби ихтисосҳо ва дар ҳолати муваффақона аз озмун гузаштани онҳо ва пайдо кадани  имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар анҷоми чорабинӣ қайд карда шуд, ки  ташкилот имкон дорад ғолибони озмунҳоро  ба донишгоҳҳои беҳтарини зиёда аз 30 мамлакатҳои Аврупо ва ИМА ҷиҳати таҳсил равон кунад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj