• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ОИЛА - НАРДБОНИ РОҲИ САОДАТ

(Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан ва фазои илмию фарҳангии пойтахт»)

z 125.jpg - 81.40 KbБа муносибати «Рӯзи оила», рӯзи 14.05.2019 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омзӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан ва фазои илмию фарҳангии пойтахт» бо иштироки меҳмонони саршиноси кишвар баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода оғоз намуд.

Ғаффорӣ Нӯъмонҷон зимни суханронии худ қайд намуд, ки: «Оила ҷойгоҳи муқаддасест, ки дар он тан, ҷон ва рӯҳи зану шавҳар ва фарзандон оромиш меёбанд. Аз ин рӯ тарбияи соҳибони фардои миллат ба дӯши оилаи солим вогузор аст.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои уcтувор мегузорад, зеро ҷомеаи солим аз муҳити солим ва кӯдаки солим аз модари солим сарчашма мегирад».

Пас аз суханронии Ғаффорӣ Нӯъмонҷон– ректори Донишгоҳи давлатии омзӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суханронии конференсия оғоз гардид. Роҳбарии конференсия ба души Мусоҷонова Ҷамила Мансуровна, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, дотсент вогузор карда шуд.

Сухани нахустин ба Амонзода Ширин – муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, ки мавсуф дар мавзӯи «Оила ва нақши он дар солимии ҷомеа» суханронӣ намуда ва дар мавзӯи «Мушкилоти оиладории анъанавӣ ва таъсири ақидаҳои бегона ба маърифати оиладории миллӣ» Закиева Саида – дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи аграррии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур баромад намуд.

Дар конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан ва фазои илмию фарҳангии пойтахт» шоираи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Шаҳрияи Атҳамзод дар ашъори худ роҷеъ ба зан, модар қироат намуд.

Ҳамин тавр дар конференсия устодони ДДОТ ба номи С. Айнӣ номзади илмҳои педагогӣ Мунира Обидова ва мудири бахши кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ номзади илмҳои фалсафа Гулхумор Саидова суханронӣ намуданд.

Мусоҷонова Ҷамила ба оилаи намунавие, ки дар донишгоҳ кор ва фаъолият менамоянд Норов Қурбон дотсенти кафедраи геометрия, номзади илмҳои физика-математика ва ҳамсарашон Норова Саломат мутахассиси бойгонии донишгоҳро қадрдонӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия донишҷӯён суханронӣ намуданд ва бахши фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

z 127.jpg - 69.78 Kb z 126.jpg - 81.18 Kb z 128.jpg - 97.96 Kb z 129.jpg - 94.52 Kb

z 130.jpg - 95.55 Kb z 135.jpg - 61.50 Kb z 133.jpg - 87.13 Kb z 134.jpg - 87.72 Kb z 136.jpg - 99.29 Kb z 137.jpg - 95.03 Kb z 138.jpg - 91.00 Kb z 139.jpg - 58.11 Kb z 140.jpg - 97.98 Kb z 142.jpg - 61.96 Kb z 141.jpg - 105.52 Kb z 146.jpg - 95.03 Kb z 147.jpg - 104.94 Kb z 143.jpg - 111.12 Kb z 144.jpg - 110.09 Kb z 145.jpg - 86.20 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj