• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

 

ЁДЕ АЗ МУЪМИН ҚАНОАТ ВА ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

(Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ)

z 150.jpg - 72.81 KbДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори зодрӯзи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зери унвони “Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид. Муовини аввали ректори донишгоҳ Саъдӣ Қосимов зимни ифтитоҳи ин чорабинӣ роҷеъ ба саҳми Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва ҳифзи забони модарӣ сухан кард. Номбурда иброз дошт, ки маҳз бо шарофати адибони бедордиду мубориз раванди худогоҳии миллӣ эҳё шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро дарёфт кард, ки  Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар саргаҳи ин ҷараён қарор доштанд.

“Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар шеъри тоҷикии садаи ХХ дар мисоли ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” дар гузориши илмии доктори илмҳои филология, нависанда  Аскар Ҳаким бозтоби густурда ёфт. Номбурда ҷанбаҳои муҳимтарини худогоҳии миллиро дар осори  ин ду бузургмард илман асоснок намуд.

Доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод дар мавзӯи “Устод Лоиқ ва забони миллӣ” баромад намуда, зикр кард, ки: “Лоиқ бо ҷуръат миллати тоҷикро барои талош баҳри ҳаққи худ, ормонҳои худ, мероси пурғановати худ даъват менамуд. Шоир дар баъзе ҳолатҳо аз ноадолатиҳо, нобасомониҳо, хор гардидану аз анҷуманҳо бурун мондани забони тоҷикӣ шикваҳо мекард, маъюс мегардид ва бо ҳасрат  дарди дили худро дар ашъораш баён менамуд.Вижагии осори ба забон бахшидаи Лоиқ дар он зуҳур меёбад, ки ба зимомдорону давлатмардон ва сиёсатмадорон барои эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва ҳифзу тозагии забони модарӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ ва шинохти асолати миллӣ даъват менамояд”.

Номзади илмҳои филология Абдуҳамид Шоев оид ба “Шинохти Муъмин Қаноат дар шеъри Лоиқ Шералӣ” ва муаллими калон Равшани Ҳамроҳ дар хусуси “Ҳолати отифӣ дар шеъри “Пирӣ”- и устод Лоиқ” суҳбатҳои ҷолибу омӯзанда намуданд.

Дар бахши фарҳангии конфронс донишҷӯён аз ашъори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ пораҳо қироат намуданд. Конфронс дар афкори ширкаткунандагон таассуроти рангин боқӣ гузошт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

z 151.jpg - 79.97 Kb z 152.jpg - 67.65 Kb z 153.jpg - 81.40 Kb z 154.jpg - 71.18 Kb

z 155.jpg - 94.54 Kb z 156.jpg - 93.53 Kb z 157.jpg - 78.46 Kb z 158.jpg - 77.41 Kb

z 159.jpg - 69.42 Kb z 160.jpg - 76.16 Kb z 161.jpg - 69.20 Kb z 163.jpg - 63.60 Kb

z 164.jpg - 60.38 Kb z 165.jpg - 68.36 Kb z 166.jpg - 59.40 Kb z 167.jpg - 71.70 Kb

z 168.jpg - 92.26 Kb z 169.jpg - 74.48 Kb z 170.jpg - 76.35 Kb z 171.jpg - 88.71 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj