• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ҶАВОНОН ОИНАИ ФАРДОНАМОИ ВАТАН

Шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзанда мегузоред.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонӣ марҳилаи муҳимми ҳар  инсон буда, аз вежагиҳои боризе бархурдор аст. Зеро ҳар давраи синну соли инсоният дорои як вежагӣ ва ниёзҳои хоси худ буда, таҳсил, фаъолият, ҳамсаргузинӣ аз даврони  муҳимми ҷавонӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ ҳамасола рӯзи байналмилалии ҷавонон дар тамоми милали ҷаҳон таҷлил мегардад, ки нерӯи созандаи ҳар кишвар маҳз ҷавонони боиродаву соҳибилми ӯ мебошанд. Ба ин муносибат дар кишвари маҳбуби мо низ ҳама сола рӯзи 23-май «Рӯзи ҷавонон” эълон гардида, ҳама сола ҳамчун иқдом ва ё таваҷҷуҳи Пешвои миллат  бо шукуҳи хос таҷлил мегардад.

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ин иқдоми саодатофаранда, бе тардид падидаи тоза дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо ба зуҳур мерасад. Зеро тулӯи офтоби Истиқлолият ва авҷи давлатдориямон моро ба ин зуҳури андешаи муқаддаси миллӣ ё санъати баланду мондагори ватандории тоҷикон расонид. Иқдоми ҳамасолаи таҷлили  «Рӯзи ҷавонон» ба воқеияти рӯшану раднопазир барои ояндаи кишвар ва умеди дурахшони ҷавонон ба пешбурди кишвар гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро санҷидаву баркашида, ба чунин натиҷа расиданд, ки: “Миллати тоҷик, бахусус наврасону ҷавонон, бояд аз решаҳои тамаддуни қадима ва забону фарҳанги миллии худ огоҳ бошанд”.

Воқеан аз ин назар агар таваҷҷуҳ кунем, кишвари мо қаламрави ситорагони дурахшон будааст. Яъне арҷ гузоштани зиндагинома ва осори шахсиятҳои бузурги миллат, эҳё кардани адабгоҳи онҳо, омӯхтани таъриху тамаддуни миллат, баргузор кардани ҷашнҳои бузург, ки таркиби бузурги сиёсати фарҳангии кишвари моро фаро мегиранд, сазовори ифтихори парасторони илму адаб аст. Саромадони илму адаби мо бар ин бовар буданд, ки инсоният сароғози зиндагонии маънавии худро тавассути ба ҳам омадан ва муттаҳид шудан саъодату зебоӣ бахшида, бо дарки маҷмӯъ шудан ва иттиҳоди ростин роҳе ба фарҳанги иҷтимоӣ, ба сӯи ҷаҳон боз мекунад.

Аз ин рӯ имсол бисёр тадбирҳои судманд ба нақша гирифта шудаанд, ки водорамон месозад, ки мо ҷавонон дастаҷамъона барои ободиву созандагии кишвар дар ҳамаи соҳот софдилона хизмат кунем. Зеро қисми зиёди асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин раванд, Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояшон иброз намуданд, ки: “Истеъдод, ба назари ман, мисли чашмаест, ки агар пеши роҳи онро накшоем, дер ё зуд хушк мегардад”. Бо ин гуфтаҳо Сарвари давлат таваҷҷуҳи масъулонро ҷиҳати дастгирии пайвастаи лаёқатҳо ва эҷодкориҳои ҷавонон ҷалб намуда, насли ҷавонро ҳушдор намуд, ки дар роҳи бунёд ва эҳёи кишвари тамаддунофари хеш камари ҳиммат банданд. Хушбахтона имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат, тамоми шароитҳоро барои насли ҷавони ояндасозу ватанпараст баҳри зиндагиву фаъолияти шоиста, шароитҳои мусоид муҳайё намудаанд. Аз ҷумла таъсиси Стипендияи Президентӣ барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти кишвар, Ҷоизаи Сарвари давлат барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва бисёр дастгириҳои дигарро метавон номбурд. Атҳам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суҳбат гуфт: “Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд”.

Бисёр хурсандиовар аст, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омзӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 736 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз миён 476 нафарашонро бонувони навоҳии дурдаст ташкил медиҳанд.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик дар ҳама соҳаҳои муҳими ҷомеа пешсаф буда, рӯз аз рӯз сафашон зиёд гардида истодааст. Дар соҳаи илму техника, варзишу фарҳанг ва ҳама соҳаҳо ҷавонони муваффақе фаъолият мекунанд, ки берун аз кишвар низ номи Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Бино ба маълумоти оморӣ, то замони Истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард.

Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст, ки сафи ҷавонон сол то сол зиёд шуда истодаст.

Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони мо ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тамоми саъю талошашонро баҳри донишомӯзиву интихоби касб ва ҳунарҳои муосир пиёда намуда, баҳри пешрафти ҷомеа ҷиддан талош доранд. Зеро муаррифии як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз чанд тариқ имкон дорад. Масалан, бо тавлиди техника ва технологияи пешрафта, таълифи адабиёти оламшумул, ривоҷу равнақи илм, кашшофиҳои илмӣ, синамо, варзиш ва ғайра. Аз ин рӯ Пешвои миллат ба маврид гуфтаанд: “Тарбияи насли соҳибмаърифат шарти асосии ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки таи чанд соли охир ҷавонон на танҳо барои таҳсили илм ба хориҷи кишвар мераванд, балки барои омӯзишу тамрини варзиш низ сафар мекунанд. Масалан Моҳру Ҳалимова, аз зумраи ҷавононест, ки дар риштаи тэквандо дар Корея тамрин мекунад, ки имрӯз тэквандо яке аз риштаҳои машҳури варзиш ба ҳисоб рафта, намояндагони зиёда аз 100 мамлакати дунё ба ин риштаи варзиш машғуланд. Дар Тоҷикистон низ имрӯз зиёда аз 1500 варзишгар дар ин ришта тамрин мекунанд. Хурсандиовар аст, ки комёб шудани варзишгарони тоҷик тайи чанд соли ахир дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ, Осиёӣ ва ҷаҳонӣ бар дил фараҳ меоварад ва ҳамзамон миллатро дар байни кишварҳои дигар ба таври наку муаррифӣ менамояд.

Агар даҳ сол қабл Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ танҳо мунтахаби кишвар оид ба тэквандо, гуштӣ намояндагӣ мекард, имрӯз дар аксар намудҳои варзиш намояндагони мамлакати мо дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат мекунанд ва ҷойҳои аввалро ба даст меоваранд. Албатта ин ҳама дастовардҳо ҷавобе барои боварии Сарвари давлтат баҳри инқадар ғамхориҳо мебошанд.

Ҷои зикр аст, ки дар давоми 28 соли Истиқлолияти кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ меандешанд. Ва таи ин муддат вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки ин ҳама барои рушди фаъолияти ҷавонон шароит фароҳам меоранд. Барои ин ҳама мебояд омили ягонаи озод будан, ки ба ҷо овардан ва эҳтироми қонуни Ватан аст бо такя ба виҷдон ва фазилати шахсӣ ин ҳамаро дарк созем. Ва дар ин ҳол дарки рушани шартҳои шаҳрвандӣ, талоши бомаврид дар ҷодаи таҳкими сулҳу оромиши ҷомеа ва дар асоси ин таълимот барпо кардани муносибати дуруст бо кулли ҳамватанон аст. Ин падидаҳо пуле мегарданд байни қишри ҷавонон ва калонсолон. Агар каме амиқтар назар кунем, ҳамеша калонсолон ба суҳбати ҷавонон ниёзманданд. Ин унси зебо барои ҷавонон расидан ба қадри айёми ҷавонӣ ва нигоҳе ба дури фардост, ки ҳамеша бояд пойдор бошад. Ҳаким Қоонӣ ҷое оварда:

Ҷавоно, магзар аз пирон бад-ин ноз,

Ки пирон ҳам ҷавон буданд з-оғоз.

Хушбахтона имрӯз андешаи инсондӯстонаи ҷавонони Ватани мо ба кулли онҳо имконияте дода, ки ин ҳама ҳикматхои гуҳарбораи онро риоя бикунанд ва  дарк карда бошанд, шинохти дуруст, кафолати ба мақоми ҷовидонагӣ соҳиб шудани ваҳдати миллиро медиҳад, ки ин омили нахустину ивазнашавандаи безаволии як давлати устувор аст.

Дар воқеъ, рушди тамоми соҳоти ҳаёти муҳими иҷтимоӣ ба ҷавонони бо фарҳангу боор вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи равоншод Лоиқ Шералӣ:

Ту ҷавонӣ, ҷавониат зебост,

Айни сабзидану шукуфтанҳост.

Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,

Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.

Андешаи ҷавонон оинаи фардонамои Ватан аст ва мутмаинем, ки бо ҳамин саъодат кишвари тоҷикон - ҷуғрофиёи тақдиршудаи миллати мо, саромади фалсафа будани насли фардо, давоми ҳушу номуси ниёкон ва мазҳари хубиву сидқу имон то ҷовидон мемонад.

“Рӯзи ҷавонон” ба кулли ҷавонони бедору созандаи кишвар муборак бошад.

 

Каримова Меҳринисо,

Мушовири ректори ДДОТ.,

Абдуҷалили Амон,

Сардори шуъбаи таҳлил

ва робитаи бо ҷомеаи ДДОТ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj