• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

КУРАТОРОНИ БЕҲТАРИНИ СОЛ ЭЪЛОН ГАРДИДАНД

z 264.jpg - 71.95 KbҲамасола дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои беҳтар намудани сатҳи таълим озмуни «Куратори беҳтарини сол» гузаронида мешавад.

Имсол низ бо ташаббуси ректори донишгоҳи мазкур, муҳтарам Нӯъмонҷон Ғаффорӣ озмуни «Куратори беҳтарини сол» таҷлил гардид.

Дар бинои асосии донишгоҳ бо иштироки ҳамаи кураторон профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ озмунро оғоз намуда роҷеъ ба рафти фаъолияти корҳои кураторӣ ва масъулияти кураторон суханронӣ намуд.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ зикр намуд, ки: «Ҳамаи кураторонро мебояд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон кору пайкори худро роҳандозӣ намоянд. Барои пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷумлаи терроризм, экстремизм байни шогирдон дарсҳову семенарҳо ташкил намоянд».

Дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки «Кураторон сараввал бояд намунаи ибрат миёни донишҷӯён бошанд, то донишҷӯён дар рафти илмандӯзиву корҳои ҷамъиятӣ аз онҳо пайравӣ намоянд. Ва кураторони ҷавонро мебояд, ки аз устодони собиқадор пайваста омӯзанд, дониш ва масъулияти куратории худро такмил диҳанд».

Пас аз суханронии ректори донишгоҳ раиси кураторони муҳтарама Гулчеҳра Баротова суханронӣ намуд, ғолибони озмуни  «Куратори беҳтарини сол» - ро қадрдонӣ карданд.

Аз ҷумла, ба Назриев Мустафо Шералиевич ҷойи аввал, Наврӯзов Аброр Ҳасаналиевич ҷойи дуввум, Сатторов Бахтовар Норасович ва Шарифзода Шамсиддин ҷойи севвум, ифтихорномаву мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

z 255.jpg - 72.54 Kb z 256.jpg - 99.34 Kb z 263.jpg - 59.28 Kbz 257.jpg - 89.82 Kb z 258.jpg - 84.23 Kb z 254.jpg - 89.44 Kb z 260.jpg - 78.61 Kb z 262.jpg - 79.56 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj