• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Либоси миллӣ ифтихори ман

z 265.jpg - 375.02 KbСанаи 28 – уми  майи соли 2019 бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангии донишҷӯдухтарон ва ҷиҳати амалӣ шудани либоспӯшии миллӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» дар тарғиб намудани либоси миллии пурарзиши тоҷикон иштирок намуд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ба хусус тарзи ба бар намудани либосҳои миллии тоҷикӣ аҳамият ва таваҷҷӯҳи хоссаро тақозо мекунад.

Набояд фаромуш кард, ки мо тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тарзи пӯшидани сару либоси худро дорем, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ пурра ба инобат гирифта шудааст ва ба фарҳанги бегона ҳеҷ ниёз надорем. Чи тавре ки дар дастурҳо оид ба тарзи либоспӯшӣ борҳо қайд гардидааст, тарзи либоспӯшӣ ҷузъи фарҳанги халқ ба шумор рафта, риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиду ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд. Ин дастурҳо дар тарбияи зебоипарастӣ ва иртифои маданияти либоспӯшӣ миёни духтарону занон таъсири мусбат мерасонад.

 

Шуъбаи тарбия, бахши кор бо духтарону

занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj