• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ФИЗИКА БАХШЕ АЗ ШЕВАИ ТАФАККУР

z 273.jpg - 93.61 Kb(Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»)

Санаи 30-уми майи соли 2019 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Мушкилотҳои муосири таҳқиқотии илмҳои табии-риёзӣ” бо роҳбарии мудири кафедраи физикаи эксперементалии факултети физика Хушнуд Муҳаббатов бо иштироки ҳайати профессорон, устодон, донишҷуён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мақсад аз конфронс муайян кардани иқтидори илмӣ барои мутахассисони соҳаи илмҳои табиӣ-риёзӣ, фароҳам овардани шароитҳои самараноки таълимӣ ва корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии фаъолияти илмии донишҷӯён, баланд бардоштани самаранокии корҳои тадқиқотӣ, инчунин муоширати илмӣ мебошад.

Мувофиқи баронома конференсия дар чор бахш идома ёфта дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ конфронсро кушода эълон намуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаҳои устодон профессор Ҳ. Маҷидов, профессор Д.Шерматов, дотсент З. Нуриддинов ва дотсент А.Ахмедов  шунида шуд. Пас аз кушода эълон гардидани конфронс кор дар бахшҳои физика, методикаи таълими физика, математика ва методикаи таълимии он ва илмҳои табиатшиносӣ оғоз ёфт.

 

Ассистенти  кафедра  Дӯстов Ҷ.

z 274.jpg - 62.14 Kb z 275.jpg - 85.52 Kb z 276.jpg - 57.58 Kb

z 277.jpg - 88.20 Kb z  282.jpg - 56.78 Kb z 278.jpg - 61.24 Kbz 280.jpg - 89.88 Kb z 281.jpg - 97.68 Kb z 279.jpg - 93.57 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj