• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Фарогирии таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимӣ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 28-уми июни соли ҷорӣ доир ба муаррифии дастурҳои таълимии «Асосҳои таҳсилоти фарогир» ва «Таҳсилоти фарогир» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, макотиби олии мамлакат ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ ширкат намуданд.


Дар оѓоз роҳбари шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ки дастурҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо ин созмон ва ДДОТ ба номи С.Айнию Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интишор шудаанд, зикр кард, ки ҳадафи китоб шиносонидани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, омӯзгорони оянда-таълимгирандагони макотиби олии омӯзгорӣ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ бо назария ва амалияи таълиму тарбияи якҷояи кӯдакони солим ва кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд мебошад.
Дар ҳамоиш, инчунин, таъкид гашт, ки дар шароити таҳсилоти фарогир ҳамаи кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ якҷоя таҳсил менамоянд. Ин муассисаҳо дар навбати худ босуръат таѓйиру такмил меёбанд, ба тақозои таҳсилоти фарогир мутобиқ мешаванд ва барои ба инобат гирифтану таъмин намудани эҳтиёҷоти ҳар як кӯдак тамоми шароитро фароҳам меоваранд. Дастурҳои чопшуда ба маводҳои тадқиқоти масъалаҳои таҳсилоти фарогир асос ёфта, нишон медиҳад, ки хулосаҳои илмӣ ва тавсияҳоро оид ба беҳдошти ҷараёни таълиму тарбия чӣ тавр дар амалияи ҳамарӯзаи кор татбиқ намудан мумкин аст.
Дар идомаи ҷамъомад гуфта шуд, ки дастурҳои таълимӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва мушовирони байналхалқӣ дар чорчӯбаи амалӣ гардидани Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 омода гардид, ки яке аз ҳадафҳои он таҷдиди барномаҳои нави таълимӣ дар асоси принсипҳои таҳсилоти фарогир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводу дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ мебошад.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj