• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ШОҲМОТ – ВАРЗИШИ ЗЕҲН

(Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»)

zam 2.jpg - 93.77 KbШоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст.  Аз ин ҷост, ки ҳангоми бозии Шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. Аз ин рӯ дар Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ дар бораи шоҳмот мисраҳои зиёде ҷой доранд, ки аз ҷумла омада:

 

Касе кам ба дониш барад ранҷ беш,
Бифармой то тахти шатранҷ пеш
Ниҳанду зи ҳар гуна рой оваранд,
Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд.
Бидонанд ҳар муҳраеро ба ном,
Ки гӯянд пас хонаи ӯ кадом.
Пиёда бидонанду пилу сипоҳ,
Руху аспу рафтори фарзину шоҳ.
Гар ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд,
Дар ин кор покиза рой оваранд.

Мусобиқаи чунин бозии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Дар кушодашавии мусобиқи мазкур ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, перомуни мақсад ва фоидаи бозии шоҳмотро ба  самъи устодон ва донишҷӯён расонид. Зимни суханронӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зикр намуданд, ки: «Ҳадаф аз баргузории мусобиқи мазкур пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Ва пеш аз ҳама мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҳамаи донишҷӯён ва тарғиби шоҳмот байни тамоми қишри ҷомеа мебошад».

Мусобиқаи мазкур, ки барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» давраи аввали он баргузор гардид, дар он донишҷӯёни хориҷ аз кишвар низ иштирок намуданд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо

ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

zam 3.jpg - 95.91 Kb zam 4.jpg - 101.59 Kb zam 5.jpg - 96.73 Kb zam 6.jpg - 99.28 Kb zam 7.jpg - 117.88 Kb zam 8.jpg - 100.19 Kb zam 9.jpg - 94.19 Kb zam 10.jpg - 92.77 Kb zam 11.jpg - 99.37 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj