• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Парки технологии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ

Парки технологии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2016 фаъолияти худро дар асоси «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ» ва дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид намудааст:

  • Ø Матбаа;
  • Ø курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ;
  • Ø шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ;
  • Ø сехи сангтарошӣ;
  • Ø сехи дӯзандагӣ;
  • Ø Маркази таксир ва маводҳои таълимӣ;
  • Ø Устохонаи коркарди чубу тахта.

Парки технологии Донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсонӣ, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурди миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷӣ амал менамояд.

Матбааи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи январ то  ба имрӯз  як қатор корҳоро ба сомон расонидааст, аз ҷумла чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимю методӣ тамоми намуди варақаҳое, ки барои шӯъбаи кадрҳо, шӯъбаи муҳосибот, шӯъбаи таълим, , шӯъбаи умумӣ, шӯъбаи 2-юм, шӯъбаи хоҷагӣ, шӯъбаи тандурустӣ ва барои китобхонаи донишгоҳ заруранд чоп  намудасат.

Аз  моҳи январ  то имрӯз матбаа китобҳои зеринро бо теъдоди нашрҳои гуногун рӯи чоп оварда, ҳамчунин китобҳои дигар дар навбат омодаи чоп мебошанд:

1

Китобҳои дарси

800 нусха

2

Навруста

900 нусха

3

Афтореферат

260 нусха

4

Дастурҳои методи

360 нусха

5

Муҳақиқ

45 нусха

6

Паёми донишгоҳ (4-71)

60 нусха

7

Паёми донишгоҳ (5-72)

60 нусха

Дар нақша

1

Навруста

2

Паёми донишгоҳ

3

Учебный методический комплекс дисциплины обшая психология

4

Асосҳои логопедия

5

Методикаи таълими биология

6

Мудофияи гражданӣ ва ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулода

7

История  таджикского народа

Бояд тазаккур дод, ки матбааи донишгоҳ асосан дар бештарини ҳолатҳо аз ҳисоби реализатсия маводҳои нашршуда, ки дар асоси қарордоди муаллифон ва Раёсати донишгоҳ сурат мегирад  ва бисёр маводҳои чопшуда аз ҳисоби маблағҳои гардиши Парки технологӣ сурат мегирад.

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ фаъолияти худро дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисодӣ ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биологӣ ва варзиш дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз моҳи январ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

1. Эълони қабули  довталабонро ба курсҳои  семоҳаи тайёрӣ аз  08.02.2018 то 16.02.2018  дар Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон “Шабакаи якум” (бо давомнокии 39 сония) пахш намуд;

2. Аз ҷониби кормандони шуъба бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муаррифии ихтисосҳои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои семоҳаи тайёрӣ зиёда дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо оид ба аҳмияти курсҳои тайёрӣ гузаронида шуд;

3. Дар матбааи Донишгоҳ 600 адад варақаҳои эълонҳои тарғиботӣ ба чоп расонида шуда, дар дохили Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе ва гирду атрофи он дар ҷойҳои намоён овезон карда шуданд;

4. Ҳамчунин дар ду шумораи рӯзномаи донишгоҳӣ «Омӯзгори ҷавон» эълони қабули довталабонро ба курсҳои семоҳаи тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои амалкунанда ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуни қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашр карда шуд;

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тарғиботӣ ба Шуъбаи таъёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои  номбар шуда, 52 нафар довталабон  ба курси семоҳаи тайёрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Машғулиятҳои таълимии курсҳои семоҳаи тайёрӣ, дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳ аз 1-уми март оғоз гардидаанд.

Ҷиҳати таълиму тадриси шунавандагони курсҳои семоҳаи тайёрӣ  омӯзгорони соҳибунвону ботаҷриба аз кафедраҳои Донишгоҳ ҷалб карда шудаанд.

Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ

Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз моҳи январ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст.

1. Эълони қабули  довталабонро ба курсҳои  семоҳаи забономӯзӣ  ду маротиба дар Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон “Шабакаи якум” ва як маротиба дар Муассисаи давлатии телевизони “Синамо”  (бо давомнокии 45 сония) пахш намуд;

2. Аз ҷониби кормандони марказ бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни донишҷӯёни факултетҳо ва муаррифии Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои семоҳаи забономӯзӣ дар 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо оид ба аҳмияти курсҳои семоҳаи забономӯзӣ гузаронида шуд;

3. Дар матбааи Донишгоҳ 3500 адад варақаҳои эълонҳои тарғиботӣ ба чоп расонида шуда, дар дохили Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе ва гирду атрофи он дар ҷойҳои намоён овезон карда шуданд;

4. Ҳамчунин дар ду шумораи рӯзномаи донишгоҳ «Омӯзгори ҷавон» эълони қабули довталабонро ба курсҳои семоҳаи забономӯзӣ   нашр карда шуд;

Бояд қайд намуд, ки дар Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ  тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда корҳои зиёдӣ таблиғотию ташвиқотӣ дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои забономӯзӣ гузаронида шуда, дар оянда гузаронидани як қатор корҳои дигар ҷиҳати ҷалби довталабон ба  курсҳои забономӯзӣ дар назар дорад.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тарғиботӣ ба Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ 63 нафар довталабон  ба курси семоҳаи забономӯзӣ  ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

УСТОХОНАИ КОРКАРДИ ЧУБУ ТАХТА.

Ба маълумоти Шумо мерасонам,ки дар давоми панчмохи аввали соли ҷорӣ дар устохонаи коркарди чӯб корҳои зерин анҷом дода шуд:

1) 300 дона либосовезак сохта шуда ба қисмати хоҷагидории Донишгоҳ супорида шуд;

2) Мебелҳои хобгоҳи рақами 3-юми Донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд;

3) Барои кабинетҳои кории шӯъбаи 2-юм ва шӯъбаи умумӣ нимдевораҳо сохта шуд;

4) Роҳаткурсиҳои зали маҷлисгоҳи Донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд;

5)  Дари шуъбаи бакайдгирии паспортии донишгоҳ таъмир карда шуд.

6)  Барои факултети Забонҳои романӣ-германӣ 4 адад ҷевон сохта шуд.

7)  Барои сехи дузандаги мизи порагарии кори сохта шуд.

8) 3 адад роҳаткурси ва 5 дона курси аз таъмири капитали бароварда шуда ба кафедраи Географияи иқтисоди ва иҷтимоӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба иди Занон ва ороиши майдони Наврӯзии Донишгоҳ фаъолона иштирок намудем.Тибқи нақшаи кории устохона дар ин муддат бояд боз 100 адад тумбочка сохта мешуд ва мебелҳои хобгоҳи 2-юм аз таъмири капиталӣ бароварда мешуданд.Вале бинобар маблағгузори нашудан ба семоҳаи дуюм гузаронида шуданд.Айни хол барои сохтани мизҳои компютери аз маҳсулоти кухна ва корношоями худи тайёри дида истодаем.

СЕХИ ДӮЗАНДАГӢ

Парки технологӣ бо эълон гардидани соли 2018 соли рушди сайҳи ва ҳунарҳои мардуми курсҳои кутоҳмуддати дузандагӣ, аз қабили  либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, гулдӯзӣ, вишивка, чакандӯзӣ, зардузӣ қолинбофӣ  ва таъмиру тармими либосҳоро дар сехи дузандагӣ ба роҳ мондааст.

Дар сехи дузандагӣ 28 нафар донишҷӯ духтарон  дар курси кутоҳмуддати дӯзандагӣ  ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

Парки технологӣ  дар соли ҷорӣ  тасмим гирифтааст, ки барои хобгоҳҳои донишҷуён  рахти хоб ва барои донишҷуёни факултетҳои химия ва биология  хилъат дар сехи дузандагӣ  омода намояд.

СЕХИ САНГТАРОШӢ

Парки технологӣ дар сехи сангтарошӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз моҳи январ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст.

Дар самти омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ аз қабили сангтарошӣ,   тайёр намудани лавҳачаҳо, нишонаҳо, навиштаҷотҳо, аломатҳои рақамӣ, расму тасвирҳои сангӣ, резасангӣ, матогӣ, нақшҳои кошинкорӣ, калидҳои рамзӣ ва дигар намуд маснуотҳо бо истифода аз техникаю таҷҳизотҳои таълимии донишгоҳ созишномаи ҳамкориро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РУХОМ» ба имзо расонидааст.

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба курсҳои сангтарошӣ 30 нафар донишҷӯён аз факултетҳои география,  технология ва иқтисодиёт тариқи ройгон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ҳамчунин бо ҳамрои  ду нафар кормандони  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РУХОМ» бо 90 нафар донишҷуён дар боғи агролабараторӣ  дар дараи Ромид семинар ва машғулиятҳо гузаронида шуд.

Ҷиҳати боз ҳам мақсаднок ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Парк ва расидан ба хадафҳои ниҳои, Парки технологӣ тасмим гирифтааст:

1.Тибки нақшаи дурнамои Парки технологӣ, ҷихати ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолияти ихтирокорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиони ҳамкории доимиро бо садорати факултетҳои равияи табиӣ риёзӣ ва техникӣ ба роҳ монад;

2.То оғози соли таҳсили 2018-2019 ҷудо кардани маблағҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии донишҷуёни ихтирокору навовар ҷихати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсиони ба нақша гирифта, дар самти татбиқи он чораҳои амали дар шакли эълони озмунҳо, роҳандози намояд.

3.Баҳри дарёфти грантҳои хурди молияви ва маблагузории соҳа дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсиони ҳамкориро бо ташкилоту созмонхои хориҷӣ ва дохили кишвар ба роҳ монад.

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj