• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Магистрони мо дар Донишгоҳи Олмон


Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  бо зиёда аз  50 Донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои  судманд дорад.   Ҳамкории Донишгоҳ бо яке аз барномаҳои  рушди соҳаи маорифи Шурои Аврупо «ТЕМПУС», ки ҳадафи асосии он таҳия  намудани барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ дар низоми кредитии таҳсил тибқи стандарти  байналмилалӣ мебошад,  самарабахш аст.

Ҳамасола  ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ дар семинару конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ дошта, ширкат варзида, таҷрибаи  андӯхтаи  хешро бо ҳамкасбон шарик сохта,  барои ташаккул додани низоми кредитии таҳсил дар Донишгоҳ саҳми худро мегузоранд.

 

Аз 24.05.2014 то 10.06.2014, гурӯҳи  магистрони факултети математикаи Донишгоҳ  бо роҳбарии муовини сардори Раёсати таълим –Холиқов У. дар мактаби тобистони  Донишгоҳи Патрас (Греция) аз рӯи лоиҳаи ТЕМПУС иштирок намуданд.

Аз 05.07.2014 то 20.07.2014 гурӯҳи омӯзгорон ва магистрони факултети математикаи Донишгоҳ дар мактаби тобистонаи Донишгоҳи  Кобленс-Ландау (Ҷумҳурии Федералии Олмон)  иштирок намуданд.
Аз  фурсати муносиб истифода бурда, ширкаткунандагони ин чорабинӣ  минатдории  худро ба Сарвари Донишгоҳ- А.Раҳмонов  изҳор намуда, аз дастгирии пайвастаи Ректори Донишгоҳ дар ин самт  изҳори ташаккурӣ менамоянд.

 

Абдуллоева Р

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj