• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дипломҳои аъло ба хатмкардагони коллеҷ

Дар маҷлисгоҳи донишгоҳ 22 нафар хатмкунандагони Коллеҷи омӯзгории таълимгоҳ, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, бо дипломҳои намунаи аъло сарфароз гардиданд. Ректори донишгоҳ,  академик А.Раҳмонов зимни суханронии худ хатмкунандагонро бо ин дастовардашон таҳният гуфта, бо фараҳмандӣ қайд намуд, сол то сол онҳое, ки таълимгоҳро бо дипломи аъло хатм мекунанд, меафзояд.

Инчунин, бо онҳо дар роҳи мустақили таълиму тарбияи насли наврас софдилона кор кардану саҳм гузоштанро ҳидоят намуд.

 

Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки аз миёни ин нафарон хатмкунандаи факултаи таърих Савринисои Давлат дар озмуни фаннӣ, ки соли равон дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, сазовори ҷои аввал, донишҷӯи факултаи филологияи тоxик Бибиробия Раҳмонова xойи сеюм ва донишxӯёни факултаҳои филологияи рус ва забони англисӣ Дилшод Муҳаммадиев ва Парвина Бобокалонова бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Академик А.Раҳмонов таъкид ба он дошт, ки дар шароити кунунӣ низоми маорифи кишвар ба мутахассисони кордону донишманд бештар ниёз дорад. Вазифаи ҳар як соҳибкасб он аст, ки бо камоли масъулият баҳри тақвият бахшидани маърифати илмию фарҳангии насли муосири ҷомеа нақши барҷастаи худро гузорад.

Шукрулло Давлатов, раиси Шуъбаи ҷавонони коллеҷ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj