• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Фаъолияти лоиҳа тамдид мегардад

Роҳбари (координатори) лоиҳаи МЕDIATE (магистратура дар информатика ва алоқа), профессори Донишгоҳи Треко (Италия) Мауритсио Маркез бо ҳамроҳии шариконаш профессорони Донишгоҳи Кобленс-Ландау (Олмон), Сергей Ченишенко, Томас Бурхарт ва профессорони Донишгоҳи Патрас (Юнон) Михаил Логотетис, Василис Стилианакис ба донишгоҳи мо ташриф оварда, бо ректор, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуданд.

Дар оғози вохӯрӣ А.Раҳмонов доир ба равобити ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур изҳори андеша карда, раванди амалигардии онро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талабот арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба лоиҳаро мавриди муҳокима қарор дода, изҳор доштанд, ки шурӯъ аз моҳи октябри соли равон фаъолияти лоиҳа дар самтҳои ҷадид оғоз меёбад ва он тӯли як сол идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар поёни соли оянда ҳангоми ҷамъбасти кори лоиҳа мебояд, ки ҷамъомади бошукӯҳе барпо кард, то дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, макотиби миёна ва инчунин, меҳмонон аз хориҷи мамлакат ширкат варзанд.

Бояд қайд кард, ки донишгоҳи мо шарики лоиҳаи МЕDIATE ба ҳисоб меравад. Мақсади лоиҳаи мазкур ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба стандарти давлатии таҳсилот, нақшаи таълимӣ дар зинаи магистратураи ихтисоси информатика, сарфарбар намудани омӯзгорони кафедраи информатика барои такмили ихтисос ва магистрантони ихтисоси информатика барои таҳсил ба донишгоҳҳои пешрафтаи дар боло зикргардидаи Аврупо ва инчунин, муҷаҳаз гардонидани як синфхонаи компютерӣ дар назди кафедраи информатикаи факултаи математика мебошад.

Дар тӯли 3 соли фаъолияти лоиҳаи номбурда аз таълимгоҳи мо 10 нафар омӯзгор ва 15 нафар магистранти ихтисоси информатика барои такмили ихтисос ва таҳсил ба макотиби олии пешрафтаи Аврупо сафар намуда, такмили дониш карданд.

Б.Абдураҳим

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj