• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Муовинони ректор муаррифӣ шуданд

Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Нарзуллоев ба таври гузариш муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ таъин гардид. Ӯ то ин замон ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият менамуд.

Ҳамзамон, Абдусамад Муллоев, ки ба сифати муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии

забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода  кор мекард, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гузариш муовини ректор оид ба корҳои илмӣ таъин гардид. Қаблан дар ин мақом Б.Самиев фаъолият менамуд, ки чанде пеш бо хоҳиши худ аз кор озод шуд.

Мавриди зикр аст, ки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев дар ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ муовинони тозатаъини ректорро муаррифӣ кард.

Инчунин, тайи чанд муддати охир як қатор тағйироти кадрии дигар ба амал омаданд. Аз ҷумла, М.Маҳкамов аз вазифаи сардори раёсати таълим, Х.Муҳаббатов аз вазифаи декани факултаи физика, И.Сулаймонов аз вазифаи мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, Б.Шерматов аз вазифаи директори Парки технологӣ, А.Умаров аз вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимии факултаи физика, С.Алиев аз вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Ҳамчунин, Н.Сангов аз вазифаи мудири кафедраи технология ва соҳибкорӣ ва С.Ҷоматов аз вазифаи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ бо сабаби ба рухсатии эҷодӣ баромаданашон барканор шуданд.

Дар асоси фармоишҳои ректори донишгоҳ М.Маҳкамов мушовири ректор, И.Сулаймонов сардори раёсати таълим, Б.Шерматов мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, Ш.Раҳмонов декани факултаи физика, З.Давлатов муовини декан оид ба корҳои таълими факултаи физика, Н.Мелиев муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи математика, Ғ.Неъматов мудири кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, М.Дадабоева котиби Шӯрои олимон, Г.Қодирова мудири китобхона, Ш.Каримов мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, Ф.Мӯминов мудири кафедраи технология ва соҳибкорӣ, Р.Рауфов, мудири кафедраи географияи табиӣ ва М.Утаев мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ таъин шуданд.

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj