• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд

Ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, дар толори фарҳангӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ И.Аминов ҳусни оғоз бахдида, пиромуни бузургдошт ва мавқеи муаллим дар ҷомеа сухан ронд. Ӯ изҳори итминон намуд, ки донишҷӯёни мо оянда ҳамчун омӯзгор саҳми арзандаи хешро дар тарбияи насли наврас мегузоранд ва ба ин васила дар рушду тараққии мамлакати

азизамон ҳиссагузор мешаванд. Тарве И.Аминов баён дошт, эҳтиром ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳаргиз коста намегардад ва муаллим ҳамеша маслиҳатгару роҳнамои ҷомеа боқӣ хоҳад монд.

 

 

Дар идома раиси Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон М.Бӯриев аз фаъолияти сангин ва пурсамари омӯзгорони донишгоҳ сухан гуфта, мужда расонд, ки ба муносибати Рӯзи омӯзгор 4 нафар муаллими мо бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд. Сипас, дар фазои тантанавӣ ва зери кафкӯбиҳо мукофотҳо ба соҳибонашон супурда шуданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj