• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мулоқоти судманди кормандони милитсия бо донишҷӯён

9-уми октябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Эмомалӣ Гулов дар мавзӯи «Пешгирии хариду фурӯши маводҳои мухаддир байни донишҷӯён»

баромад намуда, дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан, дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва чораҳои андешидашудаи кормандони милитсия дар ин самт мухтасар маълумот дод.

 

Қайд карда шуд, ки дар давраи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ вобаста ба даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 895 шаҳрванд дастгир шудаанд, ки 359 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат 5 донишҷӯ низ бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудаанд, ки аз онҳо миқдори муайяни маводи мухаддир мусодира гардид. Зарур аст, ки баҳри пешгирии даст задани ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ кор бурда шавад.

Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ ва пешрафту тараққиёти кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад. Вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Искандар Аминов баромад намуда, дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва чораҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ суханронӣ намуд.  Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо донишҷӯён вохӯриҳо мегузаронанд, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо  пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯён мебошад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj