• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Маълумотнома оид ба китобхонаи Донишго
ҳ


Китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 1931 таъсис гардида, дар тӯли фаъолияти хеш дар тайёр намудани мутахассисону омӯзгорони дорои маълумоти олии педагогии баландихтисос, нақши муҳим гузоштааст. Дар навбати худ китобхонаи Донишгоҳ барои бо китобҳои дарсӣ,таълимӣ, методӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва ғайра таъмин намудани омӯзгорон, аспирантон, магистирҳо ва донишҷӯён кӯмаки ногузир менамояд.

Фаъолияти китобхона

Китобхона мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» Низомномаи мактаби олӣ, Низомномаи китобхона, фармонҳо, дастурҳо ва мактубҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои ректору ҷонишинони он, қарорҳои шӯрои олимони донишгоҳ, раёсати донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти китобхонаи Донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи ташвиқи китоб ва иттилоот дар байни устодон ва донишҷӯён ва бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маводи зарурӣ нақши муҳимро бозида истодааст.

Китобхона аз 8 шуъбаҳои зерин иборат аст:

  • Шуъбаи таъминот ва коркарди китоб;
  • Шуъбаи захиравии китобхона:
  • Фонди тиллоӣ
  • Шуъбаи хизматрасонӣ
  • Толори хониш ва китобхонаи электронӣ
  • Толори матбуоти даврӣ
  • Толори олимон, аспирантон ва магистрантҳо
  • Шуъбаи сканеркунонӣ

Китобхона 6 толор ва 357 ҷои нишаст дорад. Компютерҳо 42 ададро ташкил медиҳанд.

Толори олимон, аспирантон ва магистрантҳо 16 ҷои нишаст ва 17 компютер бо интернет пайваст дорад.

Толори хониш ва зали электронӣ – 145 ҷои нишаст, 16 копютер дорад.

Толори матбуоти даврӣ - 36 ҷои нишаст дорад.

Китобхона ба 25 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон обуна шудааст, ки онҳоро мунтазам мегирем.

Давомоти яксола ташрифи омӯзгорон, донишҷӯён, аспирантон, докторантҳо ва магистрантҳо ба китобхонаи Донишгоҳ 213120 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 207489 нафар донишҷӯён, 2920 нафар омӯзгорон, 761 нафар докторант ва аспирантон, 1950 нафар магистрҳо мебошанд.

Хизматрасонӣ ба донишҷӯён дар ҳама шӯъбаҳои китобхона ҳар рӯз 1400–1500 нафарро ташкил медиҳад. Ба толори хониш ва китобхонаи электронӣ ҳар рӯз зиёда аз 1000-1300 нафар муроҷиат менамоянд.

Инчунин устодони Донишгоҳ маводҳои электронии худро ба фонди китобхонаи электронӣ супоридаанд. Фонди умумии китобҳои электронӣ зиёда аз 7000 ададро ташкил медиҳад.

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj