• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Осори Мавлоно Ҷомӣ безаволанд

Бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори фарҳангӣ бо ибтикори кафедраи адабиёти тоҷик таҳти унвони «Баҳористон» маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Декани факултаи филологияи тоҷик Б.Шарифзода ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси зиндагинома ва эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ маълумоти муфассал ироа намуд. Мавсуф, ҳамзамон, изҳор дошт, ки дар қарнҳои Х111 ва Х1V, ки шоир дар ин замон зистааст, шуароро бо қасидаҳояшон мешинохтанд. Яъне, дар он давр қасидасароӣ бештар маъмул буд.

 

Б.Шарифзода дар идомаи сухан пиромуни ашъори баландмазмуну дилангези А.Ҷомӣ андешаҳои судманд баён дошт.

Сипас, Вафо Элбойзода, устоди кафедраи адабиёти тоҷик, дар хусуси арзиши осори Мавлоно дар замони муосир ва ҷавобияҳои ӯ бар 3 ғазали Хоҷа Ҳофиз сухан ронд. Мавсуф дар интиҳои баромади хеш як ғазали Халилуллоҳи Халилиро, ки ба Мавлоно Ҷомӣ бахшидааст, қироат кард.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад донишҷӯёни аъзои маҳфили «Адибони ҷавон» аз ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ шеърҳо хонданд.

Дар фарҷом шоир, устоди факултаи математика А.Раззоқ ва омӯзгори факултаи филологияи тоҷик Б.Ҳабибуллоев ашъори ба ғазалҳои Ҷомӣ тазминкардаашонро барои ҳозирин қироат намуданд.

Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj