• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мулоқоти ректор бо донишҷӯёни бурунмарзӣ

21-уми октябри соли равон вохӯрии ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева бо донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректор ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки раёсати таълимгоҳ пайваста кӯшиш менамояд, ки барои донишҷӯёни ватанию хориҷӣ тамоми шароитро муҳайё созад, то онҳо тавонанд соҳиби маълумоти мукаммал гарданд. Дар донишгоҳ айни ҳол китобхонаи электоронӣ фаъолият менамояд, ки дар ихтиёри муҳассилин қарор дорад.

Дар идомаи сухан сарвари таълимгоҳ таъкид дошт, ки донишҷӯи муосир на танҳо забони модарии худ, балки забон ва фарҳанги дигар миллатҳоро низ бояд аз бар намояд. Аз ин лиҳоз, дар донишгоҳ Маркази фарҳангӣ-сертификатсионии забони русӣ, курсҳои репетитории забонҳои англисӣ, хитоӣ, кореягӣ фаъол ҳастанд, ки толибилмон имкон доранд дар вақти холӣ донишашонро такмил диҳанд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки на танҳо донишҷӯёни ватанӣ, балки хориҷӣ низ метавонанд барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура дар хориҷи кишвар ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Ректор иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиро ба ҳар донишҷӯ ҳатмӣ шуморида, намоиши анъана ва фарҳанги миллиро вазифаи аввалиндараҷа унвон намуд. Инчунин, пешниҳод гардид, ки донишҷӯён имкони ба театрҳо ва осорхонаҳо рафтанро низ аз даст надиҳанд, зеро тамошои барномаҳои гуногунранг ба бинанда таассуроти нав мебахшад.

Дар мулоқот, ҳамчунин, давомоти донишҷӯён, супоридани санҷишҳои фосилавӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.

З.Назифова

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj