• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Робитаҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева дар ҳузури деканони факултаҳо дар мавзӯи «Ҳамкории сатҳи байналмилалӣ: имкониятҳои таҳсил барои донишҷӯён ва омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар хориҷи кишвар» маърӯза намуд.

Зимни суханронии мавсуф зикр гардид, ки муносибатҳои байналмилалӣ яке аз равандҳои асосӣ ба шумор рафта, раёсати

донишгоҳ барои ба натиҷаҳои назаррас комёб шудан бо зиёда аз 50 макотиби олии сатҳи байналмилалидошта, ташкилотҳои хориҷӣ ва барномаҳои байналмилалии соҳаи маориф робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст. Қобили қайд аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон имкони дар хориҷӣ кишвар таҳсил карданро пайдо карданд. Дар ин росто таълимгоҳи мо семинару конференсияҳои байналмилалӣ баргузор намуда, омӯзгорону донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба донишгоҳҳои бурунмарзӣ сафарбар менамояд. Айни ҳол маърифатгоҳи мо узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои байналмилалӣ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Ассотсиатсияи Аврупо оид ба маълумоти байналмилалӣ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои ЕвроАзия ба шумор меравад.

 

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки моҳи май ва октябри соли ҷорӣ ректор А.Раҳмонов дар Форуми донишгоҳҳои СҲШ дар шаҳри Уфа (Ҷумҳурии Бошқирдистон) ва дар шаҳри Барнаул (вилояти Алтай) иштирок намуда,  бо ин макотиби олӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Тавре Р.Абдуллоева тазаккур дод, донишгоҳ бо  ташкилотҳои UNICEF, OBSE, DAAD, GIZ лоиҳаи TEMPUS оид ба барномаҳои зиёди соҳаи маориф ҳамкорӣ дорад. Ҳамасола дар донишгоҳ форуми омӯзгорони забони олмонӣ, Рӯзи фарҳанг ва забони франсузӣ баргузор мегардад ва донишҷӯён ба мактаби тобистона дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Федералии Олмон, инчунин, омӯзгорон дар мамлакатҳои Аврупо, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой барои курси такмили ихтисос фиристода мешаванд.

Пас аз баромади Р.Абдуллоева деканҳо оид ба ҷалби донишҷӯёни фаъол барои таҳсил дар хориҷи кишвар саволҳои хешро пешниҳод намуданд.

З.Назифова

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj