• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳуқуқҳои хешро бояд донист

Бо ибтикори Шӯрои занони донишгоҳ дар мавзӯи «Поймол гардидани ҳуқуқи занон ва муносибатҳои оилаву никоҳ-Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислом» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он директори Маркази «Бӯҳрони боварӣ ба фардо» Гулнора Аҳророва ва дигар кормандони ҳамин марказ С.Холова ва Д.Шоҳназирова ширкат варзиданд. Тавре раиси Шӯрои занон Р.Қосимова иттилоъ дод,

дар ин ҳамоиш Р.Шарифова ва А.Шукурбекова, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Т.Шарофова, мутахассиси Барномаи «Омӯзиши сарҳад»-и ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти машваратии мусоидат» ва як қатор донишҷӯёни фаъол низ ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро Р.Қосимова ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳадафи аслии ташкили мизи мудаввар ва мавзӯи он изҳори андеша кард. Чуноне мавсуф таъкид дошт, зумрае аз духтарон ҳуқуқҳои хешро намедонанд ва аз ин рӯ, бо мушкилоти оилавӣ мувоҷҷеҳ мегарданд. Тибқи қавонини ҷорӣ занон низ аз ҳуқуқҳои зиёде бархӯрдоранд ва танҳо дар ҳолати ҳифз гардидани онҳо метавон зиндагии хушбахтонаро ба роҳ монд. Р.Қосимова, ҳамзамон, таъкид дошт, ки ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки мардон нисбат ба занон аз роҳи зӯроварӣ кор мегиранд. Ҳар амали ночизро баҳона пеш оварда, занро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дониши ҳуқуқии духтаронро баланд бардорем.

Дар идомаи мизи мудаввар С.Холова, ҳуқуқшиноси Маркази «Бӯҳрони боварӣ ба фардо», баъзе моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташреҳ бахшид. Мавсуф зикр кард, ки маркази онҳо омода аст, то ба корафтодагон кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ Р.Шарифова ва А.Шукурбекова низ дар навбати хеш мулоҳизоташонро баён доштанд. Онҳо қайд намуданд, ки дар доираи Барномаи баланд бардоштани мақоми занон дар корҳои дохила фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.

Дар ҷамъомад дигар меҳмонон ва донишҷӯён низ баромад карданд.

Дар фарҷом толибилмон ба суолҳои сершумори худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

П.Абдуллоева

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj