• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Амалигардии боз як лоиҳаи муҳим

Ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов 30-юми октябр намояндаи Дафтари созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (OSCE) Елена Васелеваро ба ҳузур пазируфта, зикр намуд, ифтихормандем, ки дар кишвари мо ин гуна ташкилот, ки бехатарии ҳуқуқи инсонро ҳифз менамояд, фаъолият мекунад. Эъломияи ҳуқуқи башар аввалин маротиба аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 қабул гардида, ки ҳадафи асосии он

ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, новобаста аз нажод, пуст, мазҳаб ва дин мебошад.

 

Сипас, Елена Васелева ба сарвари таълигоҳгоҳ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, тазаккур дод, ки дар баробари ҳифзи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон, яке аз масъулиятҳои дигари ин ташкилот омӯзиши ҳуқуқ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар ин раванд ташкил ва баланд бардоштани такимили ихтисоси мутахассисони ин соҳа аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Махсусан, методи таълими интерактивӣ барои ҳайати омӯзгорон таҳия ва пешниҳод мегардад. Аз ин ҷихат, ҳамкорӣ бо донишгоҳ дар ин самт судманд хоҳад буд. Ғайр аз ин, ташкилот ба нақша гирифта, ки моҳи декабри соли ҷорӣ намояндагони худро ба донишгоҳ сафарбар намояд, то бо мутахассисони соҳа масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Пешниҳодҳоро А.Раҳмонов дастгирӣ намуда, қайд кард, дар баробари лоиҳаҳои дигаре, ки дар донишгоҳи мо аллакай амалӣ гардида истодаанд, албатта, барои боз ҳам ташаккул ёфтани соҳаи маориф дар ин ҷода низ равобитро ба роҳ хоҳем монд. Ҳамкориҳо ҳатман бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

Дар фарҷоми суҳбат тарафайн аз судманддии ҳамкориҳои оянда умедворӣ намуданд. Дар вохӯрии мазкур ректорро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева ва мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Д.Шарифова ҳамроҳӣ карданд.

З.Назифова, Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj