• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфили ёдбуди роҳбари маърифатгустар

Ба ифтихори 90-солагии собиқ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Мунзифа Ғаффорова маҳфили ёдбуд баргузор гашт, ки дар он устодону донишҷӯён, меҳмонон ва хешовандони ин зани маърифатгустар иштирок доштанд.
Маҳфил бо суханронии ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов оғоз ёфт. Ӯ аз хизматҳои шоиста ва хислатҳои ҳамидаи М.Ғаффорова ёдовар шуда,

аз ҷумла, зикр кард, ки марҳум яке аз занони фаъолу ҷасур ва пажӯҳишгари муваффақу роҳбари оқили тоҷик буд ва тамоми умри бобаракати хешро ба хидмати халқу Ватани азизи хеш бахшид. Солҳои роҳбарии ӯ донишгоҳ ба комёбиву пешрафтҳои тоза даст ёфт ва дар радифи беҳтарин мактабҳои олии собиқ ИҶШС ҷой гирифт. М.Ғаффорова дар ҷодаи илм низ дастовардҳои шоиста дошт ва аввалин зане дар Осиёи Миёна буд, ки дар илми фалсафа ба дарёфти унвони баланди илмии доктори илмҳои фалсафа шарафёб гашт. А.Раҳмонов таъкид кард, ки 90-солагии ин зани накуном ва диловарро аҳли донишгоҳ бо камоли эҳтирому эътиқод ва бо ёдоварӣ аз рӯзгору фаъолияти бавусъати ӯ таҷлил менамоянд. Аз М.Ғаффорова аҳли илму маорифи мамлакат ҳамеша бо ифтихор ва бо некӣ ёд меоваранд.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Б.Самиев дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М.Ғаффорова суханронӣ карда, зимнан зикр кард, ки ин зани шарафманд рӯзгорони пурбаракатеро ба сар бурд ва дар баробари кори роҳбарӣ дар соҳаи илм низ комёб буд ва махсусан, оид ба фалсафаи тоҷик пажӯҳишҳои вижаеро анҷом бахшид ва мактаби фалсафии худро ба миён овард, ки имрӯз шогирдони зиёдаш ва аҳли илми фалсафа аз он баҳрабардорӣ мекунанд.
Маърӯзаи профессор М.Назариев ба пажӯҳишҳои М.Ғаффрова дар мавзӯи мавқеи зан дар ҷомеа, таҷассуми симои занони Шарқи Шӯравӣ ва тавзеҳи нақши бонувон дар такомули илми фалсафа бахшида шуд. Мавсуф тазаккур дод, ки М.Ғаффорова густаришгари обрӯю эътибори зани тоҷик дар арсаи ҷаҳон буд.
Собиқадори ҷабҳаи сиёсат Гулҷаҳон Бобосодиқова хотираҳои ҷолибашро дар бораи лаҳзаҳои ҳамкорияш бо М.Ғаффорова ба ҳозирини маҳфил нақл кард ва таъкид кард, ки хизмати ин бонуи накукор дар рушди илму маорифи Тоҷикистон дар як давраи том хеле барҷаста аст ва месазад, ки имрӯз дар пойтахти кишвар муассисае, созмоне ва ё кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад.
Суханронии профессор М.Гулаҳмадов ва раиси Шӯрои куҳансолони шаҳри Душанбе Ҳ.Каримов низ саршор аз меҳру муҳаббат ва ситоиш нисбат ба профессор М.Ғаффорова буд.
Барои аҳли маҳфил суханронии Зарина Раҷабова, фарзанди олима, басо муассиру шуниданӣ буд. Мавсуф бо ифтихор зикр кард, ки модарам зане буданд дар ҳама соҳа муваффақ; ҳам дар роҳбарӣ, ҳам дар пажӯҳиш, ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам дар омӯзишу парвариши фарзандон.
З.Раҷабова ба аҳли донишгоҳ, ба роҳбарияти он ва ба онҳое, ки дар созмонбахшии ин маҳфил ҳиссагузорӣ карданду дар маҳфил ҳузур доранд, арзи сипосу эҳтиром намуд.
Ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов ба маҳфили ёдбуд ҳусни анҷом бахшид ва таъкид кард, ки аҳли донишгоҳ ҳамеша посдори номи неки муаллимаи азиз Мунзифа Ғаффорова хоҳанд  буд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj