• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Донистани забони тоҷикӣ барои қазоқҳо ифтихор аст

Р.Абдуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Байтемир Серкул мулоқот намуд, ки дар ин нишаст муҳассилини мамлакати мазкур низ ширкат варзиданд.
Дар оғози вохӯрӣ Р.Абдуллоева иброз дошт, ки кишвари мо бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама соҳаҳо, хоса, дар соҳаи маориф шарикони шарикони боэътимод маҳсуб меёбанд.

Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки таълимгоҳи мо бо як қатор макотиби олии Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳо ба тасвиб расонидааст. Маврид ба тазаккур мебошад, ки аз рӯи 5 лоиҳаи ТЕМПУС-и Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо ин донишгоҳҳо нақшаҳои таълимӣ таҳия карда мешаванд. Айни ҳол шумораи толибилмони Қазоқистон дар маърифатгоҳи мо 20 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар асоси квотаи байнидавлатӣ қабул гардидаанд.

Байтемир Серкул дар навбати хеш барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Қазоқистон хуб арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки сафорати онҳо ҳамасола мекӯшад, ки бо донишҷӯёни кишварашон дар саросари Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор намояд ва аз рафти хониши онҳо огаҳ шавад. Барои кормандони сафорат, пеш аз ҳама, муҳим он аст, ки донишҷӯён қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳанг, расму оин, анъана, ва албатта, талаботи дохилидонишгоҳиро риоя намоянд ва тавре аён аст, шароит ва имконоти донишгоҳ барои таҳсил мувофиқ мебошад.

Р.Абдуллоева дар тақвияти гуфтаҳои Байтемир Серкул илова намуд, ки китобхонаи таълимгоҳ яке аз ғанитарин китобхонаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дари он ҳамеша барои донишҷӯён боз аст.
Консули Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон омӯхтани забони тоҷикиро дар баробари дигар забонҳо муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки он забони Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Бедил ва дигар нобиғагони оламшумул маҳсуб меёбад.
Дар поёни мулоқот донишҷӯи курси 2-юми факултаи забони англисӣ аз номи муҳассилони ҳамватанаш ба Байтемир Серкул ва Р.Абдуллоева барои ташкили вохӯрӣ изҳори сипос кард. https://www.facebook.com/photo

З.Назифова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj