• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Ховаршинос»-маҳфили такмилдиҳандаи дониш

18-уми ноябри соли равон дар факултаи таърих бо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятии факултаи мазкур дар мавзӯи «Беҳтарин донандаи таърих» маҳфили «Ховаршинос» баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Итифоқи касабаи донишҷӯён Д.Раҷабов, раиси Созмони ҷавонон С.Қувватов ва омӯзгорону донишҷӯёни ширкат варзиданд.
Сараввал декани факулта Н.Убайдуллоев қайд намуд, бисёр хушоянд аст,

ки бо ибтикори созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни фаъол дар факултаи мо пайваста маҳофили мухталиф баргузор мегардад. Итминони комил дорем, ки ин гуна чорабиниҳо барои баланд гардидани савияи дониши толибилмон нақши шоиста мегузорад.
Н.Убайдуллоев дар муроҷиат бо муҳассилини соли аввал таъкид дошт, ки онҳо низ аз аъмоли ташаббускоронаи донишҷӯёни курсҳои болоӣ ибрат гиранд ва дар оянда онҳо низ ҳар гуна чорабиниҳои судманд ташкил намоянд.
Сипас, сабқат миёни курсҳои 1-3-и факулта оғоз гардид. Озмун аз панҷ шарт иборат буд ва ҳамаи шарт тариқи тахтаи электронӣ гузаронида шуданд. Дар ин маҳфил донишҷӯён аз худ донишу малакаи хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои арзанда гардиданд.
Пас аз эълони натиҷаи сабқат аз ҷониби Т.Наҷмидинов маълум шуд, ки донишҷӯёни курси аввал ҷои бо гирифтани 35 хол ҷои якум, толибилмони курси дуюм бо касби 33 хол ҷои дуюм ниҳоят, муҳассилини соли сеюм бо 25 хол ҷои охиринро соҳиб гардидаанд.
Дар фарҷом ба ширкатдорон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

facebook.com/photo

 

Нурулло Салимов, донишҷӯи факултаи физика

Парвизҷони Ҳусейн, донишҷӯи факултаи биология

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj