• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба бузургдошти Соҳиб Табаров

Бахшида ба фаъолияти илмӣ-амалии узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби илму техника, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Соҳиб Табаров дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷистон ба номи С.Айнӣ конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он як қатор олимону адибони маъруфи кишвар бо шумули Кароматулло Олимов,

Маҳмаисуф Имомов, Абдунабӣ Сатторзода, Асадулло Саъдуллоев, Абдулҳамиди Самад ва ғайра ширкат варзиданд. Ҳамчунин, намояндагон аз Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Донишгоҳи миллӣ ва дигар муассисаҳои риштаи илму маориф ҳузур доштанд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ифтитоҳ намуда, пиромуни ҷойгоҳи Соҳиб Табаров дар адабиёт ва саҳми ӯ дар тавсеаи нақди адабӣ изҳори андеша кард. Ӯ бо ифтихор арз дошт, ки шогирди С.Табаров аст ва аз мактаби адабии мавсуф бархӯрдор мебошад.
Сипас, муовини Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон К.Олимов дар хусуси осори таълифкардаи С.Табаров сухан ронд. Дар такя бар қавли ӯ, С.Табаров бо донишмандону олимони машҳури бурунмарзӣ равобити дӯстӣ дорад ва ин баёнгари он аст, ки рисолаҳои устоди мо дар хориҷ низ эътироф гардидаанд.
К.Олимов, ҳамзамон, ёдовар шуд, ки С.Табаров устоди сахтгир ва тозакор мебошад. Итминони комил ҳаст, ки асарҳои эҷодкардаи ӯ ояндаи наздик мавриди тадқиқ қарор хоҳанд гирифт.
Дар идомаи конференсия нависандаи маҳбуби тоҷик А.Самад доираи эҷодиёт ва тадқиқоти С.Табаровро фаррох ва гуногунҷабҳа унвон кард. Яке аз хизматҳои бузурги мавсуф барои адабиёт осори марбут ба устод Садриддин Айнӣ иншокардааш мебошанд. С.Табаров, ҳамчунин, дар шинохти шахсият ва эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ, Абдурауфи Фитрат ва як зумра адибону олимон саҳми арзанда дорад.
А.Самад бо қатъият изҳор намуд, ки китоби 5-ҷилдаи С.Табаров «Ҳаёт, адабиёт ва реализм» имрӯз ҳам эътиборашро гум накардааст ва бовар ҳаст, ки боз солҳои сол барои насли оянда хидмат хоҳад намуд.
Ректори Донишгоҳи миллӣ, академик М.Имомов дар навбати хеш доир ба мавқеи С.Табаров дар рушди илми донишгоҳӣ изҳори ақида кард. Ӯ таъкид дошт, ки мавсуф бунёдгузори яке аз кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ мебошад ва нахустин барномаҳои таълимӣ ва дигар маводи методӣ ба қалами эшон мутааллиқ ҳастанд.
М.Имомов иттилоъ дод, ки дар як шумораи маҷаллаи «Садои Шарқ» хотираҳои Соҳиб Табаров интишор шудаанд, ки марбут ба солҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳи омӯзгорӣ мебошанд.
Дар идомаи ҳамоиш А.Сатторзода аз овони донишҷӯиаш ёд оварда, С.Табаровро устоди хеш унвон кард. Ӯ зикр намуд, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ мо 4 нафар-С.Табаров, Ш.Ҳусейнзода, В.Асрорӣ ва Тоҷибоевро устоди воқеӣ маҳсуб менамудем. Ва мегуфтем, ки ҳар донишҷӯе агар аз имтиҳони ин муаллимон гузарад, пас, маълум, ки донишгоҳро хатм менамояд.
А.Сатторзода, ҳамзамон, таъкид намуд, ки С.Табаровро бештар ҳамчун мунаққид мешиносанд. Солҳои қабл ҳар рӯзу ҳар ҳафта ва ҳар моҳу ҳар сол мақолаю рисола ва китобҳои мавсуф интишор меёфтанд. Пиромуни осори ҳар адибе, ки С.Табаров мақола менавишт, то чанд вақт ба худ намеомад. Ӯ хотираи қавӣ ва мутолиаи фавқулодда дошт.
Дар ҳамоиш, инчунин, академик А.Раҳмонов дар хусуси мақолаҳои нахустин ва дар солҳои баъдӣ тадқиқкардаи С.Табаров андешаҳои муфиди хешро муфассал баён кард. Ба ақидаи ӯ, таъсири навиштаҳои С.Табаров бисёр қавӣ буд. Вақте ӯ достони «Ҳасани аробакаш»-и устод Мирзо Турсунзодаро, ки дар он баъзе ҷанбаҳои замон норавшан буд, интиқод менамояд, Турсунзода ин достонро такмил медиҳад ва 144 банди дигар ба он илова мекунад.
Бо ҳамин қисмати аввали конференсия анҷом пазируфт.

facebook.com/photo

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj