• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тарас Шевченко-шоири миллатҳо

Дар конференсияи илмии ҷумҳуриявие, ки 28-уми ноябр бахшида ба 200-солагии шоир ва донишманди украин Тарас Шевченко дар толори донишгоҳ баргузор гардид, сафири Украина дар Тоҷикистон В.Никитюк, намояндагони Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, макотиби олии пойтахт ва дигар меҳмонон аз муассисаҳои мухталиф ширкат варзиданд.


Нахуст ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов ҷамъомадро оғоз намуд ва дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Т.Шевченко сухан гуфт. Дар такя бар қавли ӯ, маърифатгоҳи мо солҳои тӯлонӣ ба номи ин олими маъруф гузошта шуда буд ва ин маънои онро дошт, ки воқеан ҳам, осораш безавол ва эътирофшудаанд.
Сафир В.Никитюк зимни суханронии хеш сараввал барои баргузории конференсияи бошукӯҳ изҳори мамнуният ва сипос кард. Тавре мавсуф зикр намуд, бештар аз ду сол мешавад, ки сафорати Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва аз он хушҳол аст, ки дар ин кишвар кӯчае бо номи Т.Шевченко ном дорад ва ҳамзамон, нимпайкараи ӯ низ дар пойтахт қомат афрохтааст.
Дар идомаи сухан сафир тазаккур дод, ки ҳамасола 8-уми март зодрӯзи Т.Шевченко дар Украина ва дигар мамолики ҳамҷавор таҷлил мегардад ва бисёр манфиатбор аст, агар дар ин рӯз дар макотиби олӣ ва дигар муассисаҳои адабии Тоҷикистон дар ин рӯз маҳфилҳои қироати ашъори ин шоири забардаст ташкил карда шаванд. Ва В.Никитюк чанд шеъре аз осори Т.Шевченкоро бо забони украинӣ, русӣ ва тоҷикӣ, ки аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ тарҷума гардидаанд, қироат намуд.
Дар конференсия, инчунин, намояндагони Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, устоди донишгоҳи мо Сайфиддинов, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев сухан гуфтанд.
Тавре зикр гардид, ашъори Т.Шевченко бо аксар забонҳои дунё, аз ҷумла, тоҷикӣ, грузинӣ, испанӣ, ҳиндӣ, итолиявӣ, франсузӣ, куриёӣ ва ғайра тарҷума ва интишор шудаанд.
Тарҷумаи тоҷикии осори Т.Шевченко ба қалами шоирони номвар Абӯлқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил ва Гулназар Келдӣ мутааллиқ ҳастанд.

 

Бо ҳамин қисми ифтитоҳӣ ба кори худ хотима бахшид ва конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj