• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бе айнаки сиёҳ ба донишгоҳ биёед

Роҳбарӣ ҳам санъат, ҷидду ҷаҳд ва масъулияти ҷиддиву ҳамешагиро тақозо дорад. Хушбахтона, дар мо зиёданд теъдоди роҳбароне, ки фаъолияташон бозгӯи талаботи мазкур мебошад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонов низ аз ҷумлаи онҳост ва ӯ солҳост, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор мекунаду дар ин замина таҷрибаи ғаниву судманд андӯхтааст. Ба ин шахсияти шинохта дар кори роҳбарӣ ташаббускорию навоварӣ, бозҷӯиву дарёфт ва санҷишу таҷриба хос буда, пайваста мекӯшад, ки ба ин васила фаъолияташро бештар пурсамару манфиатнок созад. Ин гуна аъмоли масъулиятмандонаро академик А.Раҳмонов дар тамоми муассисаҳое, ки ҳамчун роҳбар кор кардааст, аз хеш зоҳир намуда, гӯё шиори фаъолияташ чунин буда: «Зи якрангӣ ҳаёти мо насабзад, Биё, ҳар рӯз ҳарфи дигаре гӯй!

Соли сеюм аст, ки А.Раҳмонов дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад ва воқеан ҳам, фаъолияти густурдаю навоваронае дорад. Шояд аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳар ибтикори ӯ ҳамвора зери таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори умум қарор  мегирад, вале он гуна, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, на ҳамеша бидуни ғаразу холисона.

Ва инак, ҳафтаи гузашта ВАО боз як иқдоми тозаи академик А.Раҳмоновро бе дарки моҳият ва аҳдофи он мавриди инъикос қарор доданд. Рӯшантар карда гӯем, ҳафтаи сипаришуда дар сомонаи радиои «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Раҳмонов донишҷӯёни дарсгурезро ҷарима мебандад» интишор шуд, ки дар он масъалаи мавриди муҳокима қарор гирифтани лоиҳаи Низомномаи сабақгардонии донишҷӯён дарҷ гардида буд. Боиси таассуф аст, ки рӯзноманигорони саҳлангору бемасъулияти дигар расонаҳои хабарӣ, ба монанди «Asia-Plus», «Pressa.tj» ва ғайра бе он ки мустақиман ба раёсати донишгоҳ тамос гирифта, маълумоти расмиро ба даст оранд, ин маълумотро аз торнамои мазкур, ба қавли худашон, «копӣ» карда, пахш намуданд. Ҳол он ки агар ба роҳбарияти таълимгоҳ муроҷиати хаттӣ мекарданд, як қатор асноди муҳиме дар ихтиёрашон вогузор мегардид, ки заминаи асосӣ барои таҳияи лоиҳаи Низомномаи сабақгардонии донишҷӯён мебошанд.

Аслан, мо аз интиқодоти беасосу бемаврид ва ноогоҳонаи расонаҳо гиламанд нестем чун одат кардаем ва медонем, ки «муқтазои табиаташон ин аст». Бароямон бисёр шигифтовар мебошад, ки дар сомонаҳои иттилоотӣ дар поёни гузоришҳо аз мавзӯи мазкур ашхоси бекору ҳангоматалаб ва дилсиёҳу кинаварз андешаҳои ғаразноку таҳқиромези хешро дарҷ менамоянд. Баръало маълум аст, ки онҳо на ба соҳаи маорифу илм коре доранду на ба раванди таълим, вазифаи онҳо якест: танқид, таҳқир ва паст задани шахсияти ректори донишгоҳ.

Бо назардошти вазъияти баамаломада лозим донистем, ки асли масъаларо ташреҳ бахшем, то журналистони муҳтарам ва афроди шарҳнавис донанду огоҳ бошанд.

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2014, таҳти № 18/3 Низомномаи намунавӣ оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки дар бандҳои 5 ва 6-и он айнан чунин омадааст:

- Сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бинобар сабаби ба дарсшиканӣ роҳ додани онҳо, бо пардохти ҳаҷми муайяни маблағ барои ҳар як соати академӣ, ки дар асоси пешниҳоди садорати факултетҳо бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

- Донишҷӯёне, ки бесабаб ба дарсшиканӣ роҳ медиҳанд, маблағи сабақгардониро ба андозаи 100%-и меъёри муқарраршуда, пардохт менамоянд.

Илова бар ин, дар банди дуюми қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2014, таҳти рақами 18/3 чунин дарҷ шуда:

- Ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сабақгардонии донишҷӯёнро дар асоси Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.

Барои иҷрои ин қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ лоиҳаи (!) Низомномаи сабақгардонии донишҷӯёнро таҳия намуд. Ҳамзамон, фармоиши ректори таълимгоҳ аз 18-уми ноябри соли 2014 таҳти рақами 685-ОД дар бораи мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор додани Низомнома оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид. Дар банди дуюми ин санад чунин омада:

- Деканони факултетҳо дар якҷоягӣ бо кураторони гурӯҳҳои академӣ, раиси Созмони ҷавонон ва раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултет вазифадор карда шаванд, ки Низомномаи мазкурро дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, фикру ақидаҳои донишҷӯёнро вобаста ба таҳия ва қабули низомномаи мазкур ба инобат гиранд ва таклифу иловаҳои худ ва донишҷӯёнро бо замимаи суратҷаласаи маҷлис, ки дар он имзои ҳар як донишҷӯ гирифта мешавад, хаттӣ ба унвонии раёсати таълим пешниҳод созанд.

Дар асоси фармоиши мазкур Низомномаи сабақгардонӣ дар тамоми гурӯҳҳои академӣ ҳатман озодона муҳокима ва ба овоздиҳӣ монда мешавад. Андешаҳои толибилмон бе чунучаро ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки бар замми ҳуҷҷатҳои зикргардида, инчунин, дар Низомномаи намунавӣ оид ба ташкил ва гузаронидани дарсҳои такрорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2014, таҳти рақами 18/4 тасдиқ шудааст, ин гуна банди махсус вуҷуд дорад:

- Дарсҳои такрорӣ мувофиқи аризаи донишҷӯ бо пардохти маблағи таҳсил (аз рӯи ҳар як соати академӣ вобаста ба самт (ихтисос)-ҳои амалкунанда), ки дар асоси пешниҳоди садоратҳои факултетҳо бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда шудааст, гузаронида мешаванд.

Дар банди дуюми қарори мушовараи номбурда ин гуна супориш дарҷ ёфтааст: “Ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронидани дарсҳои такрориро дар асоси Низомномаи мазкур ба роҳ монанд”.

Хонандагони арҷманд, хоса, рӯзноманигорон ва шарҳнависон. Акнун худ қазоват кунед, магар қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро сарфи назар кардан имконпазир аст? Чаро намехоҳед аз воқеияти масъала огаҳ гардида, мавзӯъро холисона инъикос намоед? Магар ба донишгоҳ омадану доир ба асноди мазкур маълумот гирифтан кори сангину амалинашаванда аст?

Дубора таъкид менамоем, ки алъон лоиҳаи Низомномаи сабақгардонии донишҷӯён таҳия шудааст ва он миёни кулли гурӯҳҳои академӣ баррасӣ мешавад. Мо тамоми пешниҳодот ва андешаҳои муҳассилинро ба назар мегирем. Натиҷаҳои нахустини муҳокимаҳо бозгӯи онанд, ки бештар аз 80 фоизи толибилмон аз ин низомнома ҷонибдорӣ мекунанд. Ва, воқеан ҳам, пас аз он ки лоиҳаи санади мазкур таълиф шуд, аллакай давомоти донишҷӯён дар факултаҳо ба 97-98 фоиз расид. Ҳол он ки ин рақам аз 70 то 80 фоизро ташкил медод.

Мо ба рӯзноманигорон, шарҳнависон ва умуман, онҳое, ки андешаҳои хешро нисбат ба фаъолияти донишгоҳ иброз медоранд, эҳтироми зиёдро қоилем, вале бисёр мехоҳем, ки нигоштаҳояшон орӣ аз ҳар гуна ғаразу таҳқир ва адовату кина бошад. Боиси таассуф аст, ки то ҳол чунин мақоларо нахондаем. Ҳамагӣ интиқоди беасос, сангпартоӣ ба ибтикорот, ғаразолуду таҳқиромез ҳастанду ба сӯи роҳбари маърифатгоҳ равона шудаанд. Мо дар таҳайюрем, ки чаро қаламбадастону соҳибминбарон лоақал як ободкории А.Раҳмоновро наменависанд. Магар дар донишгоҳи куҳанбунёд сохтмони майдончаи варзишӣ, ки тӯли мавҷудияти беш аз 80-сола вуҷуд надошт, шоҳкорӣ нест? Магар азнавсозии толори фарҳангӣ, бинои куҳнаи матбаа, сангфаршнамоии саҳни донишгоҳ кори бузургу шоистае барои навиштан нест? Таъсиси Маркази педагогикаи миллӣ, Маркази таҳкими равиши педагогӣ, толори матбуоти даврӣ, китобхонаи электронӣ, Хазинаи тиллоӣ, толори гимнастика ва ғайраҳо магар сазовор ба нигоштани мақола нестанд? Маҳз бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайвастаи А.Раҳмонов тамоми факултаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо муҷаҳҳаз шуданд, ки то ин замон муаллимон ин гуна пешравиро бофтаи хаёл мепиндоштанд, магар наметавон аз ин хусус хабаре пахш кард? Интишори беш аз 5000 матни лексия, китобҳои электронӣ, силлабусҳо, барномаҳои корӣ магар ба чашми рӯзноманигорон наменамоянд? Инчунин, дар замони роҳбарии А.Раҳмонов беш аз 10 нафар рисолаи докторӣ, 20 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд ва даҳҳо нафари дигар, ки корҳои илмияшонро тайёр намудаанду интизори шӯроҳо мебошанд, магар ин гуна муваффақият ба диди “тезбину уқобмонанд”-и журналистон намерасад? Беҳтар шудани сифати таълим ва масъулиятнокии омӯзгор, баргузории даҳҳо чорабиниҳо доир ба хуб гардидани раванди таълим, ҳар моҳ барпонамоии семинар дар бораи низоми кредитии таҳсилот чаро ба чашми рӯзноманигорони худхоҳ наменамояд?

Дар хусуси олимии А.Раҳмонов агар шубҳа доред, биёеду бубинед, ки ӯ дар конференсияҳо, баҳсҳо ва чорабиниҳои илмӣ чӣ гуна баромад мекунад. Магар шумо бо корҳои илмии А.Раҳмонов, ки давоми ҳамин сол навиштааст, шинос шудаед? Мақолаҳоеро, ки дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ, Соҳиб Табаров, Салими Хатлонӣ, нақши адибони Ҳисор дар пешрафти адабиёти муосири тоҷик, одоби муошират ва рисолаи “Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ” (2014) чоп намудааст, хондаед? Таҳрирҳое, ки нисбат ба ҳар як ҳуҷҷат менамояд, бо онҳо шинос ҳастед?

Мо, аҳли донишгоҳ, ҳамарӯза мебинем, ки бо омадани академик А.Раҳмонов ба ҳайси ректор донишгоҳ ба чӣ қадар муваффақиятҳо ноил гардид. Журналистони арҷманд ва дигар хоҳишмандонро даъват менамоем, ки айнакҳои сиёҳро дар ҷайбашон гузошта, як бор ба Донишгоҳи омӯзгорӣ биёянду худ бо чашми сар бубинанд, ки А.Раҳмонов барои маърифатгоҳ, барои омӯзгорону донишҷӯён ва насли оянда чӣ қадар шоҳкориҳои бузургеро ба анҷом расонидааст.

Маркази матбуотии Донишгоҳи давлатии

омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj