• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қадрдонии шоир ва мутарҷим дар донишгоҳ

Дар толори фарҳангии донишгоҳ 1-уми декабр мулоқоти шоири рус, мутарҷим ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Михаил Синелников баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, шоирони маъруф  Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва дигар адибони шинохта ширкат варзиданд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, академик, ректори донишгоҳ, ҳамоишро оғоз бахшида, аз хизматҳои Михаил Синелников дар тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик сухан гуфт. Мавсуф бо фараҳмандӣ ин рӯзро барои аҳли донишгоҳ ид унвон карда, таъкид дошт, ки саҳми Синелников дар тарҷумаи осори Рӯдакӣ, Низомӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз хеле бузург аст. Ректор махсус тазаккур дод, ки мавсуф на танҳо осори шуарои классик, балки ашъори шоирони муосирро низ бо бо тамоми нозукиҳояшон тарҷума ва пешкаши хонандагон кардааст.
Дар идома А.Раҳмонов аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии мутарҷим ёдовар гардида, қайд намуд, ки боиси хушҳолӣ ва шоистаи ифтихор аст, ки имсол Михаил Синелников бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадр карда шуд.
Шоирон Бозор Собир ва Гулназар Келдӣ низ ба минбар баромада, нақши Михаил Синелниковро дар адабиёти тоҷик бағоят бузург арзёбӣ намуданд. Ба андешаи онҳо, мавсуф метавонист, ки ашъори шоирони олмонӣ ва амрикоиро ба осонӣ тарҷума намояд, вале ӯ шуарои Шарқро интихоб кард.
Михаил Синелников, ки бо даъвати Абдуҷаббор Раҳмонов ба минбар баромад ва тӯли қариб 30 дақиқа ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз ва дигар шоиронро бо забони русӣ қироат намуд.
Дар фарҷом ба Михаил Синелников ҳамчун нишони қадрдонӣ ва эҳтиром ҷомаи тоҷиконаи зардӯзӣ пӯшониданд ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим карданд.

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj