• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Густариши ҳамкориҳо бо ЮНИСЕФ

Ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов бо роҳбари тозаинтихоби ташкилоти ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лучия Элми мулоқот намуд. Мавсуф зимни суҳбат изҳор дошт, ки ҳамкориҳои таълимгоҳ бо ЮНИСЕФ дар сатҳи дилхоҳ роҳандозӣ гардидааст.
Дар вохӯрӣ, ҳамзамон, зикр шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин ташкилоти бонуфуз дар назди кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ лоиҳаи «Методҳои интерактивӣ дар раванди таълим» амал мекунад ва аз ҷониби масъулони лоиҳа як қатор корҳои судманд ба анҷом расиданд.
Лучия Элми аз истиқболи гарму самимии раёсати донишгоҳ изҳори сипос карда, изҳори итминон намуд, ки равобити ҳамкорӣ боз ҳам тақвият ва густариш хоҳанд ёфт. Мавсуф, инчунин, тазаккур дод, ки нақши Вазорати маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилот низ дар амалишавии як қатор лоиҳаҳо баѓоят бузург мебошад. Дар такя бар қавли Лучия Элми, вобаста ба рушди соҳаи маориф татбиқгардонии лоиҳаҳои зиёде дар солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст ва дар ин ҷода Донишгоҳи омӯзгорӣ яке аз шарикони калидӣ ва доимии ташкилот маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳадаф аз ин нишаст амалӣ намудани лоиҳаҳои марбут ба соҳаи маориф ва аз ҷиҳати техникӣ дастгиринамоии донишгоҳ мебошад. А.Раҳмонов изҳор дошт, ки ЮНИСЕФ метавонад дар се ҷода-педагогика, психология ва инклюзия бо донишгоҳ ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

З.Назифова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj