• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Эҳтироми хоса ба маъюбон ҳатмист

Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин сана бо ибтикори факултаи педагогика дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар радифи омӯзгорону донишҷӯён, ҳамчунин, муаллимону таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи махсуси ношунавоёни рақами 8-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
М.Нарзуллоев, муовини ректор оид ба таълим, зимни суханони ифтитоҳии хеш иброз дошт, ба ашхосе, ки нуқси ҷисмонӣ доранд, бояд бо меҳру муҳаббат ва эҳтироми хоса муносибат намоем. Онҳо низ узви ҷомеа ҳастанд ва набояд аз дигарон ҷудо кунемашон.

Декани факултаи педагогика А.Ғаффоров доир ба омоданамоии мутахассисон барои макотиби махсус ва раванди таълими фанҳои вобаста ба кӯдакони дорои маҳдудиятҳои узвӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф, ҳамзамон, таассуроташро аз сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Арманистон баён дошта, тазаккур дод, ки дар ин мамлакат барои беҳбуди шароити таълим ва зиндагии маъюбон корҳои зиёди шоистае анҷом пазируфтаанд ва моро низ мебояд, ки дар ин самт корҳоро тақвият бахшем.
Дар идомаи ҳамоиш устодони факултаи педагогика, мутахассисони фанҳои махсус барои маъюбон С.Қувватов ва Б.Маҷидова баромад карданд. Тавре онҳо зикр намуданд, дар ҷумҳурӣ нисбат ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта ғамхории хоса зоҳир мегардад. Барои онҳо муассисаҳои таълимии махсус, марказҳои тавонбахшӣ, мактаб-интернатҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Омӯзгорони факултаи педагогикаро зарур аст, ки мутахассисони дараҷаи олиро тарбия карда, ба муассисаҳои мазкур равона кунанд.
Дар ҷамъомад тарбиягирандагони муассисаҳои махсус ва донишҷӯёни факултаи педагогика бо шеъру суруд ва рақсу тарона табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj