• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Робитаи дӯстӣ бо Фаронса тавсеа меёбад

Дар толори фарҳангии донишгоҳ 12-уми декабр конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид, ки дар он сафири Ҷумҳурии Фаронса Дидие Леруа, дотсенти кафедраи забонҳои романию германии ДМТ И.Раҷабова, дотсенти кафедраи назарияи тарҷумаи ДДЗТ ба номи С.Улуғзода А.Самадов ва дигар меҳмонони фаронсавӣ ширкат варзиданд.

 


Ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов конференсияро оғоз бахшида, қайд кард, ки кафердаи забонҳои фаронсавӣ 50-сола мешавад. Тӯли ин солҳо кафедраро ҷавонони лаёқатманду шуҷоъ хатм намуда, ба ҳайси тарҷумон ва омӯзгор дар гимназияву литсейҳо кору фаъолият менамоянд. Даҳҳо нафари онҳо дар шаҳри Кобул бо забони фаронсавӣ дарс мегӯянд. Мавсуф бо фараҳмандӣ ин рӯзро барои аҳли донишгоҳ ид унвон карда, таъкид дошт, ки саҳми забони фаронсавӣ барои ҷомеаи имрӯза хеле бурзург аст.

Сафири Ҷумҳурии Фаронса Дидие Леруа оид ба робитаҳои Фаронса ва Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки пештар дар Тоҷикистон 3 муассисаи фаронсавӣ буд, ҳозир бошад, қариб 19 муассисаи фаронсавӣ кору фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо 20-30 нафар тоҷик кор мекунанд, ки забони фаронсавиро хуб медонанд. Сафир мужда расонд, ки дар шаҳри Душанбе китобхонаи нави фаронсавӣ ташкил намуда истодаем, ки дар он 500 адад китоб бо забони фаронсавӣ вуҷуд дорад ва ояндаи наздик шумораи китобҳо зиёд хоҳад шуд.

Дидие Леруа нақши забонҳои форсиву русиро дар ҷомеа баѓоят бузург арзёбӣ намуд. Ба андешаи ӯ, агар забони русиро омӯзем, бо 15 кишвар муошират карда метавонем. Ин забон пойдорандаи сулҳу ваҳдат ва дӯстии байни мамлакатҳо мебошад.
Баъдан, дотсенти кафедраи назарияи тарҷумаи ДДЗТ А.Самадов баромад намуд. Дар қисми дуюми конференсия, ки қисми фарҳангӣ буд, донишҷӯёни факултаи забонҳои романию германӣ маҳорати раққосии худро нишон доданд. Намоишномае, ки порае аз достони «Рустам ва Сӯҳроб» гирифта шуда буд, бо забони фаронсавӣ ба саҳна гузошта шуд. Дар охир ба донишҷӯёне, ки забони фаронсавиро хуб аз худ намудаанд, ифтихорномаҳо тақдим гардид.

 

Парвина Абдуллоева

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj