• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Арзи сипоси Раҳмонов ва муаррифии ректори нав

Дар ҳамоише, ки бо ҳузури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва доираи васеи омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ректори тозатаъйини донишгоҳ муаррифӣ шуд.
Нахуст ректори акнун собиқи таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов бо суханони ифтитоҳӣ ва саршор аз самимияту эътиқод ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Ӯ зимни баромади хеш аз дастгириҳои Вазорати маориф ва илми кишвар

ёдовар гардида, зикр кард, ки ҳангоми фаъолияти наздик ба сесолааш ба ҳайси ректор аз ҷониби ин вазорат пайваста кӯмакҳои мухталиф дастрас мегардиданд. Барои мисол метавон гуфт, ки дар рӯзҳои аввали сарварӣ таҷҳизоти техникии муосир маҳз аз сохтори мазкур вориди донишгоҳ шуданд.
А.Раҳмонов ба ҳайати профессорон, омӯзгорон, лаборантон ва умуман, кулли кормандон барои ҳамкорӣ арзи сипос намуд. Мавсуф ба фаррошон махсус миннатдорӣ кард, ки дар фаслҳои сармо ва гармии тоқатфарсо ҳамеша ҳудуди донишгоҳро тоза нигоҳ доштанд. Ӯ, ҳамзамон, коллективи меҳнатиро ситоиш намуда, изҳор кард, ки дар ҳамдастӣ бо онҳо раёсат тавонист, ки корҳои бисёр шоистаю арзандаро ба сомон бирасонад.
А.Раҳмонов, инчунин, аз тарзи либоспӯшии омӯзгорону донишҷӯён дар рӯзҳои нахустини роҳбариаш ёд оварда, қайд кард, ки маърифати либоспӯшии аҳли маърифтагоҳ хеле баланд шуда, ба талабот ҷавобгӯ гардид.
Дар идома вазири маориф ва илми мамлакат Н.Саид саҳми донишгоҳро дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ниҳоят арзанда гуфт ва аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар ин самт боз ҳам ҷиддӣ фаъолият намоянд. Ӯ бо ифтихор ва сарбаландӣ арз дошт, ки хатмкардаи ҳамин даргоҳи маърифат аст ва аз дасти собиқ ректор, марҳум Мунзифа Ғаффорова дипломи аъло гирифтааст.
Вазир, ҳамчунин, пиромуни пӯшидани сатру ҳиҷоб изҳори андеша карда, ин дуро моли бегона ва дур аз фарҳангу русуми тоҷикона унвон кард. Мавсуф ба масъалаи тадқиқи мавзӯоти илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ низ дахл намуда, таъкид дошт, ки донишгоҳ макони илму дониш аст ва ҳар нафаре, ки дар ин даргоҳ кор мекунад, бояд ҳатман унвони баланди илмиро соҳиб гардад.
Ректори тозатаъйин Носир Салимов дар навбати хеш барои пазироии самимӣ ба аҳли толор изҳори сипос карда, умед бар он баст, ки дар ҳамдастии якдигар таълимгоҳро боз ҳам ба муваффақиятҳои бештар ноил мегардонем.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj