• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

80 маърӯза ба муносибати 40-солагии кафедра

Бо ташаббуси факултаи физика бахшида ба 20-солагии Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсиёбии кафедраи методикаи таълими физика зери унвони «Проблемаҳои муосири таълими фанҳои физикаю математика дар мактабҳои миёна ва олӣ» конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ багузор гардид. Дар ҳамоиш доктори илмҳои техникӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Ҳ.Маҷидов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров И.Файзиев, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти ДМТТ «МИСиС» З.Низомов, муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав И.Гулаев, омӯзгори фанни физика дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷи Камол Д.Домуллоҷонов ва дигарон меҳмонон ширкат варзиданд.

Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев сухан ронда, доир ба аҳамият ва моҳияти омӯзиши фанни физика дар замони муосир андешаҳои хешро ироа намуд.
Сипас, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи АТТ М.Нугмонов дар мавзӯи «Проблемаҳои тайёрии касбӣ-методии муаллими математика ва физика дар мактаби олӣ», мудири кафедраи  методикаи таълими физика У. Умаров дар мавзӯи «Проблемаҳои муосири методикаи таълими физика», муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ Ғ.Гадоев дар мавзӯи «Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва декани факултаи физика Ш.Раҳмонов дар мавзӯи «Чиҳил соли пурбаракат (аз таърихи кафедраи методикаи таълими физика)» маърӯза хонданд.
Бо ҳамин қисми ифтитоҳӣ анҷом пазируфт ва конференсия кори худро дар ду бахш идома дод, ки дар онҳо 80 маърӯза мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Нурулло Салимов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи физика

Фатҳуддин Раҳмонов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj