• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бозгашти донишҷӯён аз таҷрибаомӯзӣ

Дар толори фарҳангиидонишгоҳ 7-уми январи соли равон конференсияи умумидонишгоҳӣ ба ифтихори ҷамъбасти бомуваффақонаи марҳилаи таҷрибаомӯзии курсҳои 4-ум баргузор шуд.

Нахуст Ҷ.Исломова, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, оид ба раванди таҷрибаомӯзии муҳассилин ҳисоботи мукаммал ироа кард. Ӯ қайд намуд, ки яке аз воситаҳои муҳими тайёр намудани

омӯзгорони оянда дар замони муосир дуруст ташкил ва ба роҳ мондани давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи ӯ, дар донишгоҳи мо ин марҳила ҳамчун қисми таркибии ҷараёни таълиму тарбия зарурат дорад ва ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад.

 

Ҷ.Исломова таъкид намуд, ки аз 452 нафар таҷрибаомӯз 12 нафар ба макотиби муқарраршуда барои андӯхтани таҷриба ҳозир нагардиданд ва бо ин сабаб ҳатман аз донишгоҳ хориҷ карда хоҳанд шуд.

Дар идомаи конференсия директори мактаби №11-и ноҳияи И.Сомонӣ Санавбар Зубайдуллоева баромад намуда, ба омӯзгорони донишгоҳ барои омоданамоии мутахассисони донишманду закӣ изҳори сипос кард.

Сипас, С.Зубайдуллоева ба як қатор таҷрибаомӯзони фаъол ифтихорномаҳо супурд. Ва «Ҷоми таҷрибаомӯзони ҷавон»-ро ба донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи тоҷик Ҷамшед Валиев такдим намуд.

Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова ҷамъбаст карда, ҳамчун рамзи ифтихор Ҷамшед Валиевро  ба хотири ташкилотчии беҳтарин будан бо нишон сарфароз кард.

Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик,

Парвизҷони Ҳусейн, донишҷӯи соли 4-уми факултаи биология

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj