• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таъсиси маҷаллаи ҷадид барои донишҷӯён

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки маҷаллаеро таъсис диҳад, то дар он танҳо осори барҷаста ва гаронарзиши адибони хориҷӣ интишор ёбанд. Асарҳои нигорандагон бояд аз ҷониби донишҷӯён тарҷума гарданд. Дар ин бора ректор, академик Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар такя бар қавли мавсуф, дар таълимгоҳи мо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ,  англисӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд ва муҳассилини ин риштаҳоро мебояд ба тарҷумаи осори мондагору

пурҳикмати нависандагону шуарои бурунмарзӣ машғул шаванд. Ҳадаф аз интишори маҷаллаи ҷадид ба кори тарҷумонӣ ҷалб намудани толибилмон мебошад. Ректор изҳори итминон кард, ки бо ин васила ҳатман тарҷумонҳои хуберо метавонем тарбия намоем.

 

Сарвари донишгоҳ дар посух ба суоли рӯзноманигорон доир ба фаъолият ва нақшаҳои минбаъдаи нашрияи «Омӯзгори ҷавон» зикр намуд, ки банду баст, фарогирии мазмуну муҳтаво ва баррасии мавзӯот дар ин ҷарида ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шудааст. Алъон маъракаи обуна ба нашрия миёни муҳассилини шуъбаи ғоибона ҷараён дорад ва ҳайати эҷодиро зарур аст, ки дар 40 фоизи саҳифаҳои газета мақолотро барои ғоибхонон ба табъ расонад. Ректор, ҳамзамон, изҳор дошт, ки агар лозим бошад, шумораи кормандон зиёд карда мешавад ва оянда мувофиқ ба имконот ҳаққи қалам низ пардохт хоҳад шуд.

Дар идома Н.Салимов, ректор, тазаккур дод, ки раёсати донишгоҳ ба нақша гирифта, ки матбааи таълимгоҳро такмил бахшад. Мавсуф, инчунин, таъкид кард, ки яке аз проблемаҳои асосӣ дар раванди таҳсил адами китобҳои зарурӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Аз ин рӯ, мебояд нашри китобҳоро чунон дар амал пиёда намуд, ки қиматашон барои муҳассилин дастрас гардад. Ҳамчунин, интишори осори нодири нобиғагони Шарқу Ғарб ба нақша гирифта шудааст.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ, ки тариқи суолу ҷавоб сурат гирифт, рӯзноманигорон бештар ба масоили ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, вазъи омоданамоии кадрҳои баландихтисос, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва забондонии омӯзгорону толибилмон дахл карда, ба суолоти хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Мебояд таъкид дошт, ки сатҳи нигорандагии ҳам муаллимон ва ҳам муҳассилин аз ҷониби журналистон мавриди интиқод қарор гирифт. Тавре гуфта шуд, қисмати зиёди аҳли донишгоҳ дар нигоштани мақолот душворӣ мекашанд ва кам нафароне ҳастанд, ки ҷумлаҳои беғалату солим навишта тавонанд. Ҳамзамон, аҳли қалами дар нишаст ҷамъ омада изҳори гиламандӣ намуданд, ки устодони таълимгоҳ нисбат ба воқеоту ҳодисоти ниҳоят мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму эктремист бетафовутӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки омӯзгорон ҳидоятгарони роҳи дуруст ҳастанд ва бояд тавассути воситаҳои ахбори омма нисбат ба ваҳшонияти гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» пайваста садо баланд намоянд.

Дар посух ба чунин масъалагузориҳо ректор қайд кард, ки тамоми муаллимон ба навиштани мақолаҳо ҷалб хоҳанд шуд ва барои такмили сатҳи забондонии ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён раёсатро мебояд, ки Маркази забономӯзӣ таъсис бидиҳад.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj