• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Интиқоди ректор аз саволномаҳои тестӣ

Дар ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, ки дар остонаи оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор шуд, ректор, академик Носирҷон Салимов вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти таълимгоҳ изҳори ақида карда, усули баъзе корҳоро интиқод намуд. Аз ҷумла, мавсуф таъкид дошт, ки ҳарчанд низоми таълим кредитист, аммо аз шакли анъанавӣ фаровон истифода мешавад. Ҳол он ки талабот дар низоми кретидӣ аз низоми анъанавӣ ба куллӣ тафовут дорад.

 

Дар идома ректор бо тааҷҷуб аз номутаносибии сатҳи азхудкунии дониш сухан гуфта, зикр кард, ки азхудкунӣ аз фанҳои тахассусӣ дар сатҳи паст, вале дар ғайритахассусӣ баланд мебошад. Дар ин росто раёсати таълим ва деканони факултаҳо муваззаф ҳастанд, ки чораҳои заруриро дар амал татбиқ намоянд.


Сарвари таълимгоҳ, ҳамзамон, сатҳи саволномаҳои тестиро номувофиқ арзёбӣ карда, тарзи суолгузориҳоро бисёр ҳам саҳлу сода унвон намуд. Ба андешаи ӯ, саволномаҳо монанди бозиҳои сканворду кросворд ҳастанд. Масалан, навишта шуда, ки «Гулистон» асари кист?». Ва дар посух чор вариант пешниҳод мешавад, ки яке С.Шерозӣ мебошад. Бо ин гуна тестсозиҳо сатҳи саводи донишҷӯро дуруст муайян карда наметавонем ва ҳаргиз баҳои воқеӣ ба дониш дода намешавад.

Масъалаи такмилбахшии маводҳои таълимӣ-методиро ректор яке аз масоили муҳим хонда, муовинони ректор, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳоро супориши қатъӣ дод, ки аз фанни дарсмедодаашон намунаи маводи таълимӣ-методӣ таҳия карда, дар ҳузури омӯзгорон рӯнамоӣ намоянд.

Н.Салимов дар идомаи сухан изҳор дошт, ки нақшаҳои таълимӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд. Дар такя бар қавли мавсуф, ҳанӯз ҳастанд фанну соатҳое, ки нолозиманду онҳоро бояд ихтисор кунем. Танҳо дар сурати таҳияи дурусти нақшаҳои таълимӣ метавон маоши кормандонро боз ҳам баланд бардошт. Ректор, ҳамзамон, омӯзгорон ва роҳбарони сохторҳоеро, ки ҳатто, то ду воҳиди корӣ дар сарбориашон дарс гирифтаанд, шадидан интиқод намуда, зикр кард, онҳое, ки чунин корро раво дидаанд, ҳеҷ дарсе намегузаранд.

Ба андешаи сарвари таълимгоҳ, масъалаи такмили ихтисос аз мадди назар дур монда ва ё дар қолаби куҳна амалӣ мешавад. Дар дохили ҷумҳурӣ аз курси такмили ихтисос гузаштан хуб аст, вале бояд бикӯшем, ки омӯзгорон дар хориҷи мамлакат ихтисосашонро такмил бахшанд. Маҳз дар ин замина метавон аз усулҳои муосири таълим огаҳӣ пайдо карда, онҳоро дар донишгоҳ ҷорӣ намоем.

Дар охир ректор, академик Н.Салимов доир ба интизоми корӣ сухан ронда, аз ҳамагон тақозо намуд, ки қавоиди мавҷударо қатъан риоя кунанд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj