• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ятимон пайваста дастгирӣ меёбанд

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба 31 нафар ятими кулле, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишҷӯён ба миқдори 200 сомонигӣ кумакпулӣ тақдим карда шуд.

Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат барпо шуд, ректор Н.Салимӣ аз раванди таҳсили муҳассилин пурсон гардида, зикр кард, ки раёсат ҳамеша омодаи дастгирии ин зумра толибилмон мебошад. Мавсуф, ҳамзамон, аз ғамхориҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар роҳбарияти тамоми сохторҳо муваззафанд, ки ба ятимон дасти ёрӣ дароз намоянд.

 

Сарвари таълимгоҳ, инчунин, аз таъкид дошт, ки дар посух ба ин гуна меҳрубонӣ ва ғамхориҳои ҳукумати мамлакат донишҷӯёнро лозим аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва оянда барои рушду тараққии соҳоти мухталифи ҷомеа саҳмгузор гарданд.

Дар фарҷом чанд тан аз толибилмон барои кумакҳои пайваста ба ректор изҳори миннатдорӣ намуданд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj