• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шунидан кай бувад монанди дидан

Ҳар як муаллим методи дарсгузарии худро дорад ва ин ба донишу маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст. собиқадорони соҳаи маориф дар семинару машваратҳо ва тавассути маҷаллаҳои илмӣ, адабиву фарҳангӣ усули нави таълимро тарғибу ташвиқ менамоянд, ки дар он бештар талаба бояд фаъол бошад. Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик, дар таълими фанни адабиёти муосири тоҷик иқдоми наверо пеш гарифтааст. Мавсуф тасмим дорад, ки шоирону нависандагони муосирро, ки дар қайди ҳаётанд, ба дарс даъват карда, онҳоро бевосита ба донишҷӯён муаррифӣ намояд. Донишҷӯён метавонанд шарҳи ҳол, фаъолияти эҷодӣ ва дигар паҳлӯҳои зиндагии шоирро бевосита аз худи ӯ шунаванд ва ба суолҳояшон посух гиранд. Тавре О.Маҳмудзода ба мо иброз дошт, ӯ ният дорад Бозор Собир, Сайдалӣ Маъмур, Урун Кӯҳзод, Кароматулло Мирзоев, Сорбон, Рустами Ваҳҳоб, Ҷонибек Акобиров, Гулрухсор, Фарзона ва дигар адибонеро, ки мавзӯи дарс ба ҳаёту эҷодиёти онҳо тааллуқ дорад, даъват намояд.

Алҳол дарси аввал бо иштироки шоири маҳбубу ширинкалом, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ баргузор шуд, ки ба донишҷӯён писанд омад. Боварӣ дорем, ин гуна дарсҳо дар хотираи толибилмон абадӣ нақш мебанданд ва барои пешрафту такмили дониши онҳо нақши муассир мегузоранд. Ин иқдом лоиқи дастгирист ва агар омӯзгорони дигар фанҳо низ аз ин раванд истифода баранд, барои муҳассилин хотирмону манфиатбор мешавад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj