• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷавонон такягоҳи давлатанд

Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтамҷон Абдуллозода бо донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла, таъкид дошт, ки солҳои охир ба равияҳою созмонҳои тундгарою ифротӣ пайвастани ҷавонон аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа гардидааст ва дар ин ҳамоиш низ ин масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Сипас, А.Абдуллозода аз нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳамчун неруи созанда ёдовар шуд. Мавсуф донишҷӯёнро ба бедориву ҳушёрӣ даъват намуда, зикр кард, ки аз соли 1992 то соли 1997 дар ҷанги шаҳрвандӣ 100 ҳазор мардуми Тоҷикистон кушта шудааст, дар ҳоле, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар 10 соли буду бошаш дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон ҳамагӣ 10-15 ҳазор аскар талаф додааст. Аз ин рӯ, ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳову ҷамъиятҳо ҳамроҳ нашаванд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо шахсони ношинос суҳбат накунанд ва дар бораи худ маълумот надиҳанд, зеро гурӯҳҳои тундгаро маҳз ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз аз хотирҳо зудуда нашудаанд, ки модари тоҷик то се рӯз дар навбати нон меистод ва оқибат бо дастони холӣ ба хона бармегашт. Зӯроварию ваҳшоният дар ҳама ҷо ҳукмфармо буд. Сад шукр, ки бо саъйю кӯшишҳои фарди баору номуси миллат-Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расидем. Таъсиси стипендияҳои Президентӣ, грантҳо, квотаҳо, бунёди толорҳои варзишӣ ва чандин иқдоми неки дигар гувоҳи онанд, ки Ҷаноби Олӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дорад ва ба онҳо такя мекунад. Биёед, ба ин эътимоду боварӣ сазовор бошем.

М.Хидирова дар мавриди нақши зан дар ҷомеа суханони судманд гуфт. Аз ҷумла, қайд кард, ки имсол назар ба солҳои пешин шумораи донишҷӯдухтарон ба маротиб афзудааст ва ин аз манфиат холӣ нест. Зеро дараҷаи маърифатнокии зан ба фарзанд мегузарад ва донишманд будани модар дар тарбияи фарзанд нақши муҳим дорад. Албатта, зиндагӣ бе мушкилӣ нест, вале зан бояд таҳаммулпазир бошад ва ба донишу вазифааш мағрур нашуда, шавҳарро ҳамеша ҳурмат намояд. Имрӯз дар ҷомеаи мо падидаи дигари номатлубе пайдо шудааст, ки падарону модарони худро ба хонаи пиронсолон бурда мепартоянд. Шахсе, ки ба падари худ, ки ӯро таълиму тарбия додааст, раҳм намекунад, чӣ гуна метавонад ғамхори дигаре бошад? Ҳеҷ гоҳ чунин худпарасту худхоҳ набошед ва ба мусибати дигаре бетарафӣ зоҳир накунед. Инсон аз таваллуд то марг ба тарбия муҳтоҷ аст ва имрӯз, ки барои шумо ҳама шароит муҳайёанд, омӯзед, то дар зиндагӣ дар намонед.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj