• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Истифодаи инноватсия дар таълим

Тавре огоҳ ҳастем, дар донишгоҳ маркази робитаҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад ва лоиҳаҳои мухталифро амалӣ менамояд. Яке аз чунин лоиҳаҳо TEMPUS мебошад. Дар заминаи ҳамкорӣ бо ин лоиҳа профессори яке аз донишгоҳҳои шаҳри Вигои Испания, ҷаноби Мануэл Каиро Редригез ба маърифатгоҳи мо ташриф овард ва тӯли чор рӯз ба донишҷӯёни мунтахаби факултаи забони англисӣ дарсҳои лексионӣ гузаронид.

Ҳадаф аз омадани профессор баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, таҳсилу омӯзиш дар фазои низоми кредитӣ, истифодаи мунтазами воситаҳои техникии таълим (ВТТ) ва васоити  аудио-визуалии таълим (ВАТ) унвон гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дарсҳо комилан бо забони англисӣ гузаштанд. Донишҷӯён тавассути проэктор лоиҳаҳоеро, ки олимони хориҷӣ, бахусус, испанӣ нисбат ба истифодаи инноватсия дар таълим пешниҳод намуда буданд, омӯхтанд ва онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мақсади асосии профессор Каиро бо донишҷӯён сохтани як лоиҳаи инноватсионӣ буд, вале таассуфовар аст, ки дар ин ҷода мо натавонистем комёбиро ба даст орем, чунки ҳарчанд ба таври назариявӣ ва бо истифодаи рӯнамоӣ маълумот медоданд, аммо бинобар сабаби нуқсонҳои техникӣ ба ин мақсадамон ноил нагаштем.

Бо вуҷуди ин, тавонистем, ки бо ташаббуси ҷаноби Мануэл бо бисёр барномаҳои интернетӣ, ки бевосита барои омода намудани чунин лоиҳаҳо истифода мешаванд, хусусан, MindMeinster ошноӣ пайдо намоем. Дар охир Мануэл Каиро Редригез қайд намуд, ки хоҳишмандон метавонанд ба унвонии ӯ ариза навишта, соли оянда низ курси мазкурро бо лоиҳаҳои наву имконоти васеътар омӯзанд.

Саидбек Гадоев, донишҷӯи соли 4-уми факултаи забони англисӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj