• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҷрибаомӯзӣ ҷамъбаст гардид

Дар толори фарҳангии донишгоҳ вобаста ба ҷамъбасти марҳилаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курсҳои 3-4 конференсия баргузор гардид. Ҳамоишро муовини ректор оид ба таълим М.Нарзуллоев ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова оид ба натиҷаи фаъолияти таҷрибаомӯзон маърӯза ироа намуд.

Дар раванди суханронии мавсуф таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои пойтахт самарабахш гузашт. Баҳои аъло 128 нафар, ки 18, 1%-ро ташкил медиҳад, баҳои хуб 409 нафар (57, 7%), баҳои миёна 154 нафар (21, 7%), баҳои ду 5 нафар (0, 7%) ҳисоб шудааст. Ҳамагӣ 709 нафар ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд.

Ҷ.Исломова, аз ҷумла, қайд намуд, таҷрибаомӯзоне, ки бе сабаб ба таҷрибаомӯзӣ нарафтанд, ба раёсати донишгоҳ барои хориҷ пешниҳод карда мешаванд.

Мудири кафедраи методикаи таълимии физика У.Умаров ба методистон оид ба фанҳои тахассусӣ як қатор пешниҳод ва тавсияҳо дод.

Дар идома донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик Тобон Мирзоева миннатдории худро ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва устодони донишгоҳ баён намуд.

Дар конференсия, ҳамчунин, меҳмонони даъватшуда, аз ҷумла, ҷонишини директор оид ба таълими гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова  Озода Бобоева оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзон дар гимназия изҳори ақида кард ва ба фаъолон ифтихорнома супурд.

Парвизҷони ҲУСЕЙН ва Фарзод ПАҲЛАВОНОВ, донишҷӯён

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj