• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Навруста»-умеди нав дар ҷодаи тарҷума

Нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид. Мебояд гуфт, ки дар маърифатгоҳи мазкур ҳафт забон омӯзонида мешавад ва ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла эҳёи мактаби тарҷумонист. Тавре ҳайати эҷодии «Навруста» иброз доштанд, мақсади асосии маҷалла аз он аст, ки хонандагони худро бештару беҳтар бо хусусиятҳои тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ошно сохта, ҳамзамон, баргузидаи назму насри ҷаҳон, қиссаву ривоят, панду андарз, зарбулмасалу мақол ва дигар офаридаҳои бадеии оламиёнро бо тарҷума аз забони асл ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин, дар маҷалла маводҳое ба дасти чоп мерасанд, ки онҳо аз таҷрибаи тарҷумонии устодони соҳибмактаб, аз ташаккули мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик ва марҳалаҳои рушду такомули он паём мерасонанд.

Шумораи аввал бо пешсухани Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид таҳти унвони «Фаслномаи умедҳои нав» оғоз мегардад. Мавсуф умед бар он баста, ки «тавассути ин маҷалла қадамҳои нахустин дар эҳёи мактаби тарҷума гузошта хоҳад шуд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳафт забон  омӯзонида мешавад ва дар ин замина якуним ҳазор ҷавон таҳсил менамоянд. Аз ин миён сабзидани 15-20 тарҷумони касбӣ, ки аз эҳтимол дур нест, барои фарҳанги миллати мо басо пурманфиат хоҳад буд».

Дар маҷалла маводҳо аз Артур Кристенсен дар тарҷумаи Жолаи Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ, аз Габриел Гарсиа Маркес дар тарҷумаи Аҳмади Гулшерӣ, аз Ярослав Смеляков дар тарҷумаи Аскар Ҳаким, аз Федор Иванович Тютчев дар тарҷумаи Фарзона, аз Галлиоп Сафаёллу дар тарҷумаи донишҷӯ Ардамеҳр Ашӯров, аз Ҷована Ровлинг дар тарҷумаи донишҷӯ Нигора Шукурова, аз Флора Анни Стил дар тарҷумаи донишҷӯ Гулноз Акрамова ва ғайра интишор шудаанд.

Ҳамзамон, мебояд зикр кард, ки муқова ва ду саҳифаи дохили маҷалларо расмҳои наққоши маъруфи тоҷик Зокир Собиров, ки дар равияҳои параллелизм ва материализм кашида шудаанд, оро мебахшанд.

Маҷалла пурра ранга ва бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj