• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории конференсияҳои илмӣ дар сатҳи олӣ

Дар толори бинои асосии донишгоҳ 14-уми апрели соли равон конференсияҳои апрелии илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён оғоз гардид ва то 18-уми апрел идома ёфт.

Дар қисмати ифтитоҳӣ ректор, академик Н.Салимӣ сухан ронда, донишҷӯёнро ба омӯхтани илм даъват кард ва қайд намуд, ки агар аз оғози давраи донишҷӯӣ ба корҳои илмӣ машғул шаванд, ба манфиат хоҳад буд.

Сипас, А.Муллоев, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илми филология, дар мавзӯи «Шахсият, симо ва мақоми омӯзгор дар таъмини сифати таҳсилот» маърӯза хонд. Академик М.Нуъмонов ва дотсент Б.Шарифов низ дар мавзӯъҳои судманди илмӣ мулоҳизаҳои хешро иброз доштанд. Мавриди зикр аст, ки дар конференсияҳои илмӣ 409 омӯзгор ва 385 донишҷӯ маърӯза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки 24-уми апрел бахшида ба ҷамъбасти конференсияҳои апрелӣ баргузор гардид, дар он муовини ректор оид ба илм А.Муллоев фармоиши ректорро барои мукофотонидани як қатор омӯзгорону донишҷӯён, ки дар навиштани маърӯзаҳо бартарӣ нишон дода буданд, қироат намуд. Мувофиқи ин фармоиш ба омӯзгорон 100 сомонигӣ ва ба донишҷӯён 50 сомонигӣ мукофотпулӣ дода шуд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj