• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Озмуне, ки ғолиб надошт…

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар шаҳри Душанбе» ва таълиму тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ маҳфил-озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Таронаи Душанбе»-ро миёни занону ҷавондухтарони лаёқатманди шаҳр таъсис додааст. Дар озмун, ки 16-уми апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, донишҷӯдухтарон аз панҷ мактаби олии пойтахт- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва маърифатгоҳи мо ширкат варзиданд. Донишгоҳи моро дар ин маҳфил-озмун Шодона Норова аз факултаи филологияи тоҷик ва Таманно Раҷабова аз факултаи педагогика муаррифӣ карданд.

Шартҳои озмун қироати шеър дар васфи Душанбе аз эҷодиёти худи ҷавондухтарон ва хондани суруд бо оҳанг дар васфи пойтахтро дар бар мегирифт. Ҳайати ҳакамон аз сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Манзура Саломова, муовини ӯ Саида Зикаева ва сармутахассиси ҳамин раёсат Сурайё Давлатова иборат буд.

Бо вуҷуди он ки намояндаи Донишгоҳи тиббӣ сурудро ба забони русӣ хонд, шеъри довталаби Донишгоҳи аграрӣ қофия надошт ва шеъри эҷоднамудаи донишҷӯдухтари Донишгоҳи технологӣ аз вазну қофия орӣ буд, ҳакамон ба ҳамаи иштирокчиён панҷхолиро раво диданд. Баъди эълони холҳо ба ширкаткунандагон туҳфаҳо супорида шуд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj